Токаев: “Неруҳои СПАД аз Қазоқистон баъди ду рӯз оҳиста-оҳиста мебароянд”

Asia-Plus

Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев изҳор дошт, ки хуруҷи неруҳои посдори сулҳи Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД) аз ин кишвар пас аз ду рӯз оғоз ёфта, муддати на бештар аз 10 рӯз вақтро мегирад, иттилоъ медиҳад хабаргузории РИА Новости.

“Иҷрои вазифаи асосии неруҳои посдори сулҳи СПАД муваффақона анҷом ёфта, пас аз ду рӯз хуруҷи марҳила ба марҳилаи онҳо шурӯъ мешавад. Ҷараёни хуруҷи неруҳо муддати на бештар аз 10 рӯз вақтро мегирад”, – иброз доштааст ӯ зимни суханронӣ назди вакилони парлумон.

Вай ҳамчунин гуфтааст, ки марҳилаи шадиди амалиёти махсуси зиддитеррористӣ гузашт.

Қаблан сарвари давлати Қазоқистон изҳор дошта буд, ки вазифаи асосии неруҳои посдори сулҳи СПАД посбониву таъмини амният дар иншооти стратегии Алмато ва пойтахти кишвар аст ва он ба сохторҳои қудратии Қазоқистон имкон фароҳам овард, ки барои муқовимат бо террористон неруи бештар сафарбар созанд.

Ёдрас мекунем, ки Тоҷикистон дар баробари дигар кишварҳои узви СПАД 200 нафар хизматчиёни ҳарбии худро ба Қазоқистон фиристод. Онҳо бо ҳавопаймоҳои ҳарбии Вазорати мудофиаи Русия ба Алмато интиқол дода шуданд.

Тибқи гузориши шабакаи телевизионии “Россия 24” неруҳои посдори сулҳ аз Тоҷикистон анборҳои захираи маҳсулоти нафтии Қазоқистонро посбонӣ мекунанд.

“Низомиёни Тоҷикистон посбониву амнияти анборҳои захираи маҳсулоти нафтӣ, хизматчиёни ҳарбии Беларус – фурудгоҳ, қирғизҳо – Маркази барқи гармидиҳии 2, неруҳои посдори сулҳи Русия ва низомиёни Арманистон – фурудгоҳи Алмато ва як қатор дигар иншооти стратегиро таъмин мекунанд”, – зикр мешавад дар гузориш.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.