Токаев: “Неруҳои СПАД аз Қазоқистон баъди ду рӯз оҳиста-оҳиста мебароянд”

Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев изҳор дошт, ки хуруҷи неруҳои посдори сулҳи Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД) аз ин кишвар пас аз ду рӯз оғоз ёфта, муддати на бештар аз 10 рӯз вақтро мегирад, иттилоъ медиҳад хабаргузории РИА Новости. “Иҷрои вазифаи асосии неруҳои посдори сулҳи СПАД муваффақона анҷом ёфта, пас аз ду рӯз хуруҷи марҳила ба […]

Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев изҳор дошт, ки хуруҷи неруҳои посдори сулҳи Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД) аз ин кишвар пас аз ду рӯз оғоз ёфта, муддати на бештар аз 10 рӯз вақтро мегирад, иттилоъ медиҳад хабаргузории РИА Новости.

“Иҷрои вазифаи асосии неруҳои посдори сулҳи СПАД муваффақона анҷом ёфта, пас аз ду рӯз хуруҷи марҳила ба марҳилаи онҳо шурӯъ мешавад. Ҷараёни хуруҷи неруҳо муддати на бештар аз 10 рӯз вақтро мегирад”, – иброз доштааст ӯ зимни суханронӣ назди вакилони парлумон.

Вай ҳамчунин гуфтааст, ки марҳилаи шадиди амалиёти махсуси зиддитеррористӣ гузашт.

Қаблан сарвари давлати Қазоқистон изҳор дошта буд, ки вазифаи асосии неруҳои посдори сулҳи СПАД посбониву таъмини амният дар иншооти стратегии Алмато ва пойтахти кишвар аст ва он ба сохторҳои қудратии Қазоқистон имкон фароҳам овард, ки барои муқовимат бо террористон неруи бештар сафарбар созанд.

Ёдрас мекунем, ки Тоҷикистон дар баробари дигар кишварҳои узви СПАД 200 нафар хизматчиёни ҳарбии худро ба Қазоқистон фиристод. Онҳо бо ҳавопаймоҳои ҳарбии Вазорати мудофиаи Русия ба Алмато интиқол дода шуданд.

Тибқи гузориши шабакаи телевизионии “Россия 24” неруҳои посдори сулҳ аз Тоҷикистон анборҳои захираи маҳсулоти нафтии Қазоқистонро посбонӣ мекунанд.

“Низомиёни Тоҷикистон посбониву амнияти анборҳои захираи маҳсулоти нафтӣ, хизматчиёни ҳарбии Беларус – фурудгоҳ, қирғизҳо – Маркази барқи гармидиҳии 2, неруҳои посдори сулҳи Русия ва низомиёни Арманистон – фурудгоҳи Алмато ва як қатор дигар иншооти стратегиро таъмин мекунанд”, – зикр мешавад дар гузориш.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".