Дар Маскав бори нахуст “шиносномаи ғайришаҳрвандӣ” дода шуд. Онро зодаи Душанбе гирифт

Asia-Plus

Нафари аввале, ки шаҳрвандӣ надошт, дар Маскав шаҳодатномаи муваққатии шахсият гирифт, хабар додааст ба РИА Новости бо истинод ба узви Комиссияи ҷамъиятии нозиротӣ Ева Меркачева.

“Аввалин нафаре, ки дар Маскав шиносномаи ба истилоҳ сабзи ғайришаҳрвандӣ, яъне шаҳодатномаи муваққатиии тасдиқкунандаи шахсиятро гирифт, Ёқубҷон Ҳакимҷонови 53-сола аст. Ба ӯ лозим омад, ки ду солро дар маркази нигаҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ дар Сарраёсати ВКД Русия дар Маскав (Сахарово) паси сар кунад, зеро бо сабаби надоштани шаҳрвандӣ, ӯро ба ягон ҷо хориҷ карда наметавонистанд”, – овардааст гуфтаҳои ӯро нашрия.

Ба гуфтаи Ҳакимҷонов, ӯ дар Душанбе ба дунё омада, дар синни панҷсолагӣ бо хонаводааш ба Астрахан кӯчидааст. Ӯ дар мактаб таҳсил накарда, "аллакай дар кӯдакӣ ба маҳбас меафтад ва баъдан то ин дам зиндагиаш ба ҳар тарзе идома меёбад", – гуфтааст Меркачева.

Ба гуфтаи узви Комиссияи ҷамъиятии нозиротӣ, ахиран кормандони пулис мардро барои он боздошт кардаанд, ки шахсияташро муайян карда натавонистаанд. Он замон маълум шудааст, ки Ҳакимҷонов шаҳрвандии ягон кишварро надорад.

Меркачева илова намудааст, ки мард дархост кардааст дар дарёфти ҷойи кор ба ӯ кумак кунанд.

Президенти Русия Владимир Путин моҳи феврали соли 2021 дар бораи додани шаҳодатномаи муваққатӣ ба шахсони бешаҳрвандӣ қонун имзо кард.

Ба ин категория шахсоне дохил мешаванд, ки бо қарори суд шаҳрвандии Русияашонро гирифтаанд ва шахсоне, ки шиносномаи Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР)-ро иваз накарда, шаҳрвандии Русия нагирифтаанд.

Инчунин ин ҳуҷҷатро ба шахсоне низ медиҳанд, ки онҳоро бо қарори суд аз кишвар ихроҷ карда наметавонанд, чунки ягон кишвар онҳоро қабул намекунад.

Ин ҳуҷҷат муддати 10 сол амал карда, лекин ҳар сол муҳлати онро  дароз кардан лозим аст. Шахсоне, ки чунин шаҳодатнома мегиранд, метавонанд дар қаламрави Русия қонунӣ ҳузур дошта, бидуни патент кор кунанд.

Қонун аз моҳи август мавриди амал қарор гирифт. Аз ин замон тибқи маълумоти ВКД, дар Русия ба афроди бешаҳрвандӣ ҳамагӣ 600 шаҳодатномаи муваққатии шахсият дода шудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 31 марти соли 2026

Имрӯз дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон муқобили тими миллии Филиппин рақобат мекунад.

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".