ВАО: ВКД Русия пас аз таҳдиди таркондани сафорати Тоҷикистону Қирғизистон санҷиш мегузаронад

Кормандони пулиси Маскав пас аз пахши хабарҳои муаллифонашон номаълум дар бораи минакорӣ шудани сафоратхонаҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон дар Маскав бо талаби хуруҷи нирӯҳои ин кишварҳо аз Қазоқистон санҷиш гузарониданд. Дар ин бора ТАСС ва хабаргузории “Москва” бо истинод ба манбаъҳо дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар медиҳанд. “Чанде пеш рӯзона аз суроғаи номаълуме хабар расид, ки […]

Кормандони пулиси Маскав пас аз пахши хабарҳои муаллифонашон номаълум дар бораи минакорӣ шудани сафоратхонаҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон дар Маскав бо талаби хуруҷи нирӯҳои ин кишварҳо аз Қазоқистон санҷиш гузарониданд. Дар ин бора ТАСС ва хабаргузории “Москва” бо истинод ба манбаъҳо дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар медиҳанд.

“Чанде пеш рӯзона аз суроғаи номаълуме хабар расид, ки дар бинои сафоратхонаҳои Тоҷикистону Қирғизистон дастгоҳи пуриқтидори таркишӣ гузошта шуда, агар кӯшиши безарар кардани он сурат гирад, таркиш ба амал меояд. Дар ҳамин ҳол, шахсони номаълум талаб карданд, ки неруи ин кишварҳо аз Қазоқистон бароварда шавад”, – иброз доштааст манбаи ТАСС.

Кормандони пулис ва сагҳои хидматӣ ба ҷои ҳодиса фиристода шуданд. Дар ҷараёни тафтиши биноҳои намояндагиҳои дипломатӣ дастгоҳ ё маводи тарканда пайдо нашуд, менависад нашрия. Кормандон ба дигар ҷой интиқол наёфтаанд.

“Аз рӯйи ин далел санҷиш гузаронида мешавад”, – илова намудаст манбаи хабаргузории ТАСС.

Манбаи хабаргузории “Москва” зикр кардааст, ки зимни санҷиши сафоратхонаи Қирғизистон кормандони он ба ҷойи дигар интиқол дода шуданд.

“Кормандони пулис бо саги хидматӣ бинои сафорат ва мавзеи гирду атрофи онро аз назар гузарониданд. Кормандони сафорати Қирғизистон ба ҷойи дигар интиқол дода шуданд. Дар ҳар ду бино дастгоҳ ё маводи тарканда дарёфт нашуд”, – гуфтааст манбаъ.

Дар хадамоти матбуоти Сарраёсати ВКД дар шаҳри Маскав то ҳол ба нашрия ин масъаларо шарҳ надодаанд.

Хабаргузории “Азия-Плюс” бо дархости шарҳи масъала ба сафоратхонаи Тоҷикистон дар Маскав муроҷиат кард.

Хабаргузории ТАСС хотирррасон менамояд, ки рӯзи 7 январ низ афроди номаълум ба почтаи электронии сафоратхонаҳои Арманистон ва Беларус бо таҳдиди таркиш нома фиристодаанд. Дар ин номаҳо ҳам тақозо шудааст, ки нерӯҳои ин кишварҳо аз қаламрави Қазоқистон хориҷ карда шаванд. Гузоришҳо бардурӯғ буда, ягон дастгоҳ ё маводи тарканда пайдо нашудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 3 июни соли 2026

ЧОРАБИНИИ РӮЗ Имрӯз, соати 14:00 дар толори хурди Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба муносибати 60-солагии нашри достони "Мавҷҳои Днепр"-и устод Муъмин Қаноат маҳфили илмиву адабӣ баргузор...

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.