Файзуллоҳ Ҷалолро “Толибон” озод карданд

Файзуллоҳ Ҷалол, устоди донишгоҳи Кобул ва таҳлилгари варзидаи сиёсӣ, ки аз сӯйи "Толибон" боздошт шуда буд, баъди 4 рӯзи боздошт, чанд лаҳза пеш раҳо шудааст. Толибон то кунун дар ин маврид изҳори назаре накардаанд. Дар ин бора, духтари Файзуллоҳ Ҷалол ба расонаҳои гуногуни Афғонистон хабар додааст ва гуфтааст, ки бо падараш суҳбат кардааст ва ӯ […]

Иршод Сулаймонӣ

Файзуллоҳ Ҷалол, устоди донишгоҳи Кобул ва таҳлилгари варзидаи сиёсӣ, ки аз сӯйи "Толибон" боздошт шуда буд, баъди 4 рӯзи боздошт, чанд лаҳза пеш раҳо шудааст. Толибон то кунун дар ин маврид изҳори назаре накардаанд.

Дар ин бора, духтари Файзуллоҳ Ҷалол ба расонаҳои гуногуни Афғонистон хабар додааст ва гуфтааст, ки бо падараш суҳбат кардааст ва ӯ дар роҳ ба сӯйи хона аст.

Хабаргузории "Омоҷ" бо нақли қавл аз наздикони Файзуллоҳ Ҷалол гуфтааст, ки ӯ акнун дар хонааш дар шаҳри Кобул қарор дорад.  

Файзуллоҳ Ҷалол устоди улуми сиёсӣ ва ҳуқуқ дар Донишгоҳи Кобул аст, ки 4 рӯз пеш аз сӯйи "Толибон" ба далели "таҳрики мардум алайҳи низом" боздошт шуда буд. 

Хабари боздошти Файзуллоҳ Ҷалол вокунишҳои тунде дар расонаҳо ва ҷомеаи Афғонистон ба бор овард. Дар рӯзи нахустини боздошт, созмони Авфи байналмилал ва Дидабони ҳуқуқи башар низ хостори раҳоии бидуни қайду шарти ӯ шуда буданд. 

Имрӯз Иттиҳоди Аврупо низ озодии фаврии ӯро талаб карда буд. 

Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯйи ҳукумати Толибон шоми рӯзи 8-уми январ дар Твиттараш ӯро як шахси "мутаассиб" хонда буд.

Сухангӯйи толибон навишт, ки "як инсони муттасибе бо номи Ҷалол ба хотири тавзеҳоти чарандиёти худ дар расонаҳои иҷтимоӣ гирифтор шудааст, ки мардумро алайҳи низом таҳрик менамуд ва бо обрӯйи мардум бозӣ мекард".

Дар идома Муҷоҳид навиштааст, ки "то бошад, ки касе дигар аз одраси устод ва донишманд!!!? даст ба чунин ёвагӯйӣ, шахсияткушӣ ва ҳатаки ҳурмати инсонҳо назанад".

Сухангӯйи Толибон ҳамчунин чанд навиштаи расонаҳои иҷтимоиро низ нашр кардаву ба оқои Ҷалол нисбат дода, ки дар онҳо дар мавриди ин ки раиси истихбороти Толибон ва раҳбарони амнияти миллии кунунии Толибон шаҳрвандони Покистонанд, навишта шудааст.

Аммо гумонзаниҳои ғолиб он аст, ки Файзуллоҳ Ҷалол барои интиқоди сахте, ки дар як барномаи "Тулуънеюс" аз Толибон кард ва яке аз сухангӯёни ин гурӯҳ Муҳаммад Наими Вардакро "гӯсолаи мутлақ" хитоб кард, боздошт шудааст.

Файзуллоҳ Ҷалол, чанде пеш дар як баҳси телевизионӣ як намояндаи Толибонро "гӯсола" хитоб карда буд.

Ин баҳс дар шабакаи телевизиони "Тулуънеюс" буд, ки Ҷалол Наим Вардак, сухангӯйи "Толибон" дар Қатарро "гӯсола" хитоб кард ва такроран гуфт, ки ӯ як "одами аҷибу ғариб ва мутлақ гӯсола аст". Суханони Ҷалол дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ вокунишҳои зиёде ба бор оварда ва мавриди истиқболи бесобиқае қарор гирифта буданд.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 3 июни соли 2026

ЧОРАБИНИИ РӮЗ Имрӯз, соати 14:00 дар толори хурди Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба муносибати 60-солагии нашри достони "Мавҷҳои Днепр"-и устод Муъмин Қаноат маҳфили илмиву адабӣ баргузор...

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.