Барои сӯхтори арчаи солинавӣ дар Вахш сардори милитсияи ноҳия аз мансаб барканор шуд

Сардори Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Вахш ва муовини ӯ баъди пурра ба коми оташ рафтани арчаи солинавӣ дар майдони марказии ноҳия аз мансаб барканор шуданд. Тавре ки Радиои Озодӣ хабар медиҳад, сардори ШКД-и ноҳияи Вахш Алишер Неъматзода ва муовини ӯ Сафар Абдуллоев барои таъмини бехатарӣ дар назди арча навбатдор нагузоштаанд, ки "ин камбудии ҷиддӣ ҳисоб […]

Радиои Озодӣ

Сардори Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Вахш ва муовини ӯ баъди пурра ба коми оташ рафтани арчаи солинавӣ дар майдони марказии ноҳия аз мансаб барканор шуданд.

Тавре ки Радиои Озодӣ хабар медиҳад, сардори ШКД-и ноҳияи Вахш Алишер Неъматзода ва муовини ӯ Сафар Абдуллоев барои таъмини бехатарӣ дар назди арча навбатдор нагузоштаанд, ки "ин камбудии ҷиддӣ ҳисоб мешавад". Тибқи маълумоти пешакӣ, арча бар асари оташбозии кӯдакон сӯхтааст.

Алишер Неъматзода аз шарҳи масъалаи барканориаш аз мансаби сардори ШВКД ноҳияи Вахш худдорӣ кардааст.

Нусратулло Маҳмудзода, сухангӯи ВКД Тоҷикистон, барканории ӯро тасдиқ карда, вале гуфтааст, ин "тағйироти маъмулии кадрӣ буд".

Навори видеоии оташ гирифтани  ин арча рӯзи 3-юми январ дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо шуд ва вокунишҳои корбаронро ба дунбол дошт. Баъди нашри навори видео, бархе корбарон носанҷида онро кори дасти нафарони бунёдгаро хонданд, ки мухолифи таҷлили Соли нави мелодӣ дар Тоҷикистон мебошанд.

Намозалӣ Салимов, сардори Идораи оташнишонии ноҳияи Вахш, рӯзи 11-уми январ ба Радио гуфтааст, арча бар асари оташбозии се кӯдак сӯхта, нисбат ба волидони кӯдакон протокол барои ҳуқуқвайронӣ тартиб дода шудааст".

Ёдрас мекунем, ки ҳафтаи гузашта ВКД Тоҷикистон сардори Шуъбаи Вазорат дар ноҳияи Ҷайҳун Қурбоналӣ Пӯлод Барфиро аз мансабаш барканор кард. Рӯзи 31 декабри соли 2021 ҳангоми ҷашнгири Соли нав дар тарабхона Пӯлод Барфӣ, ба пешонии Ҳомидҷон Абдулҳамидзода, сартабиби ноҳия, таппонча гузошта, пас аз кашокаш ба ҳаво ду тир холӣ кард. Ин ҳодиса аз ҷониби мақомоти прокуратураи вилояти Хатлон тафтиш мешавад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.