Нишасти аввали Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ тариқи видеоконфронс доир мегардад

Asia-Plus

Бо сабаби чораҳои пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус нишасти аввали Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ тариқи видеоконфронс доир мегардад, менависад ТАСС бо истинод ба нашрияи The Hindu-и Ҳиндустон.

Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Ҳиндустон, нахуствазири ин кишвар Нарендра Моди ҳафтаи оянда, рӯзи 27 январ бо панҷ роҳбари кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ гуфтушунид мекунад.

Сарони кишварҳои Осиёи Маракзӣ бояд 26 январ дар гузашти низомӣ ба муносибати Рӯзи ҷумҳурӣ меҳмон мешуданд ва Ню-Дели ҳатто ба сарони кишварҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон даъватнома фиристода буд.

Аммо баъдан дар пасманзари бад шудани вазъияти марбут ба коронавирус нақшаҳо тағйир ёфтанд.

Дар назар аст, ки дар нишасти аввали Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ сарони кишварҳо иқдомҳо оид ба густариши муносибатҳо байни Ҳиндустон ва Осиёи Марказӣ ва ба сатҳи нав расонидани робитаҳоро баррасӣ кунанд.

Гуфта мешавад, ҷонибҳо дар мавриди масоили мавриди таваҷҷуҳи минтақавӣ ва байнулмилалӣ, инчунин ҷараёни шаклгирии вазъияти вобаста ба таъмини амният дар минтақа табодули назар хоҳанд кард.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.