Нишасти аввали Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ тариқи видеоконфронс доир мегардад

Бо сабаби чораҳои пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус нишасти аввали Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ тариқи видеоконфронс доир мегардад, менависад ТАСС бо истинод ба нашрияи The Hindu-и Ҳиндустон. Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Ҳиндустон, нахуствазири ин кишвар Нарендра Моди ҳафтаи оянда, рӯзи 27 январ бо панҷ роҳбари кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ гуфтушунид мекунад. Сарони кишварҳои Осиёи Маракзӣ […]

Asia-Plus

Бо сабаби чораҳои пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус нишасти аввали Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ тариқи видеоконфронс доир мегардад, менависад ТАСС бо истинод ба нашрияи The Hindu-и Ҳиндустон.

Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Ҳиндустон, нахуствазири ин кишвар Нарендра Моди ҳафтаи оянда, рӯзи 27 январ бо панҷ роҳбари кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ гуфтушунид мекунад.

Сарони кишварҳои Осиёи Маракзӣ бояд 26 январ дар гузашти низомӣ ба муносибати Рӯзи ҷумҳурӣ меҳмон мешуданд ва Ню-Дели ҳатто ба сарони кишварҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон даъватнома фиристода буд.

Аммо баъдан дар пасманзари бад шудани вазъияти марбут ба коронавирус нақшаҳо тағйир ёфтанд.

Дар назар аст, ки дар нишасти аввали Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ сарони кишварҳо иқдомҳо оид ба густариши муносибатҳо байни Ҳиндустон ва Осиёи Марказӣ ва ба сатҳи нав расонидани робитаҳоро баррасӣ кунанд.

Гуфта мешавад, ҷонибҳо дар мавриди масоили мавриди таваҷҷуҳи минтақавӣ ва байнулмилалӣ, инчунин ҷараёни шаклгирии вазъияти вобаста ба таъмини амният дар минтақа табодули назар хоҳанд кард.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.