Мулоқоти Аҳмади Масъуд бо писари бунёдгузори Толибон ва Мулло Бародар дар Маскав

Date:

Барехе расонаҳо аз як мулоқоти Аҳмади Масъуд, раиси Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ва фарзанди Аҳмадшоҳ Масъуд бо Мулло Яъқуб, сарпарасти вазорати дифои Толибон ва фарзанди бунёдгузори ин ҳаракат дар Маскав хабар медиҳанд.

Ба навиштаи ин манбаъҳо ин мулоқот ин ша бу рӯз дар Маскав дар ҳоли ҷараён аст.

Шабакаи Afghanistan International бо такя ба манобеяш гуфтааст, ки Аҳмад Масъуд ҳамроҳ бо Амруллоҳ Солеҳ, муовини аввали Ашраф Ғанӣ барои мулоқот бо Мулло Яъқуб, сарпарасти вазорати дифои ҳукумати Толибон ва Мулло Бародар, муовини нахуствазири ҳукумати Толибон ба Маскав рафтаанд. 

Ҷабҳаи Муқовимат то кунан дар ин бора изҳори назаре накардааст. 

Раҳматуллоҳ Набил, раиси пешини Раёсати амнияти миллии Афғонистон дар саҳфаи твиттараш навиштааст, ки "Мулло Яъқуб ва Мулло Бародар бо як сафари махфиёна  ба Русия рафтаанд". 

Дар ҳоли ҳозир масъули Толибон ин хабарҳоро на тасдиқ кардаанд ва на рад. То кунун ҷузъиёти ин сафарҳо маълум нест ва ҳамчунин рӯшан нест, ки ҳадаф аз ин сафарҳои махфиёна ва аз қабл эълонношуда чист.

Ин хабар дар ҳолест, ки ин шабу рӯзҳо дар шаҳри Ослои Норвегия як нишасти серӯзаи Толибон бо намояндагони сиёсатмадорон ва ҷомеаи мадании Афғонистон ҷараён дорад, ки рӯзи шанбе оғоз шуда буд. 

Ҳайати Толибон дар нишасти Осло бо роҳбарии сарпарасти вазири хориҷиаи ҳукумати Толибон Амирхони Муттақӣ ширкат доранд. 

Замир Кобулов, фиристодаи вижаи Русия барои Афғонистон дар мавриди нишасти Норвегия гуфтааст, ки русия дар нишаст ҳатто ба унвони нозир ҳам ширкат надорад.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...