Созиши Тоҷикистону Ӯзбекистон доир ба татбиқи лоиҳаҳо дар ҳамаи соҳаҳои саноат

Ҳукумати Тоҷикистон бо қарори худ дастур дод, ки созишномаи ҳамкорӣ бо ҳукумати Ӯзбекистон дар соҳаҳои саноат ва технологияҳои нав тасдиқ шуда, баҳри амалисозии он тадбирҳои зарурӣ андешида шавад. Дар қарор ҳамчунин супориш дода шудааст, ки Ӯзбекистон дар бораи аз ҷониби Тоҷикистон иҷро шудани расмиёти дохилидавлатии зарурӣ барои мавриди амал қарор гирифтани созишнома огаҳ карда шавад. […]

Ҳукумати Тоҷикистон бо қарори худ дастур дод, ки созишномаи ҳамкорӣ бо ҳукумати Ӯзбекистон дар соҳаҳои саноат ва технологияҳои нав тасдиқ шуда, баҳри амалисозии он тадбирҳои зарурӣ андешида шавад.

Дар қарор ҳамчунин супориш дода шудааст, ки Ӯзбекистон дар бораи аз ҷониби Тоҷикистон иҷро шудани расмиёти дохилидавлатии зарурӣ барои мавриди амал қарор гирифтани созишнома огаҳ карда шавад.

Матни созишнома охири ҳафтаи гузашта дар портали иттилооти ҳуқуқии Вазорати адлияи Тоҷикистон нашр шуда, дар он доир ба татбиқи муштараки лоиҳаҳо дар соҳаҳои саноати сабуку хӯрокворӣ, сохтмон, истихроҷи маъданҳо, энергетика ва мошинсозӣ сухан меравад.

Ғайр аз ин, дар созишнома таҳия ва амалисозии лоиҳаҳо дар самти таҳвилу таъмин бо техникаву технологияи коркард пешбинӣ шудааст.

Барои роҳандозӣ ва рушди робитаҳои мустақим байни доираҳои тиҷоратии кишварҳо, ташкили ярмаркаву намоиши маҳсулоти саноатӣ, ҳамоишҳои доираҳои тиҷоратӣ фароҳам сохтани шароити зарурӣ ба нақша гирифта шудааст.

Ҷонибҳо барои рушди ҳамкорӣ бо истифода аз технологияҳои инноватсионӣ дар истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ тадбирҳо хоҳанд андешид. Ин ҷо дар бораи таҳияи лоиҳаҳои муштарак ва татбиқи амалии онҳо сухан меравад.

Ёдрас мекунем, ки тобистони соли гузашта зимни сафари президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ҳукумати ҳар ду кишвар дар бораи таъсиси ширкати муштараки сармоягузорӣ бо суроғаи ҳуқуқӣ дар Душанбе ҷиҳати маблағгузорӣ ба лоиҳаҳои муштарак дар қаламрави Тоҷикистон созишнома ба тасвиб расониданд.

Маблағи сармояи оинномавии “Ширкати сармоягузории Тоҷикистону Ӯзбекистон” дар ҳаҷми 12 млн доллар ба нақша гирифта шуд.

Муассисони ширкат Фонди таҷдид ва рушди Ӯзбекистон бо 75%-и ҳисса ва КВД “Тоҷинвест” бо 25%-и ҳисса мебошанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.