Раҷаббой Аҳмадзода ваъда кардааст, ки дар 5 соли оянда 500 корхона месозанд

Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд дар як машварати корӣ ба муовинонаш ва раисони бархе аз шаҳру ноҳияҳо дастур додааст, ки дар панҷ соли оянда сари бунёди 500 корхонаи саноатӣ тадбир андешанд. Дар ин бора Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар дода гуфтааст, ин корхонаҳо бо дарназаргирии захираву имкониятҳои мавҷуда бунёд карда мешавад. Раҷаббой Аҳмадзода таъкид […]

Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд дар як машварати корӣ ба муовинонаш ва раисони бархе аз шаҳру ноҳияҳо дастур додааст, ки дар панҷ соли оянда сари бунёди 500 корхонаи саноатӣ тадбир андешанд.

Дар ин бора Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар дода гуфтааст, ин корхонаҳо бо дарназаргирии захираву имкониятҳои мавҷуда бунёд карда мешавад. Раҷаббой Аҳмадзода таъкид кардааст, ки бо назардошти панҷсолаи рушди саноат эълон шудани солҳои 2022-2026 бояд аз тамоми имкониятҳо истифода бурда шавад.

“Саноатчиёни вилоят дар соли гузашта ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатиро ба 20 миллиарду 944,0 миллион сомонӣ расониданд ва суръати афзоиш дар сатҳи 131,3 фоизи ҳамин давраи соли 2020 таъмин гардид”,-гуфтааст, Хадамоти матбуоти раиси Суғд.

Қаблан аз намояндагии Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфта буданд, ки давоми нӯҳ моҳи соли гузашта аз 688 корхонаи  фаъоли саноатӣ дар шимоли Тоҷикистон 103 корхона аз кор бозмондааст. Ба далели аз кор мондани ин корхонаҳо дар ин давраи соли 2021 ба маблағи 63,7 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол нагардид.

Раиси вилояти Суғд роҳбарони ниҳодҳои марбута ва раисони шаҳру ноҳияҳоро муваззаф кардааст,  дар соҳаи кишоварзӣ,имкониятҳо зиёданд ва бояд заминҳои нав ба гардиши кишоварзӣ дароварда шуда истеҳсоли маҳсулот ва содироти он ба хориҷи кишвар зиёд карда шавад. Дар рушди соҳаи парандапарварӣ, чорводорӣ, зотпарварӣ, моҳипарварӣ, зироату сабзавоткорӣ, растанипарварӣ, коркарди саривақтии замин ва истифодаи тухмиҳои хушсифат бояд чораандешӣ кунанд.

Ба масъулин барои тақвияти корҳои ободонию бунёдкорӣ, бунёди боғҳои интенсивӣ, омодагиҳо ба мавсими нави кишту кор, аз ҷумла кишти картошкаи барвақтӣ, истифодаи самараноки гармхонаву сардхонаҳо дастур дода шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.