Парлумон созишномаи ҳамкорӣ бо Туркманистонро дар соҳаи нақлиёти роҳи оҳан баррасӣ кард

Дар ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Созишнома байни ҳукумати Тоҷикистон ва ҳукумати Туркманистон дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёти роҳи оҳан мавриди баррасӣ қарор гирифт. Тавре ки дафтари матбуоти палатаи поёнии парлумонии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, тасдиқ гардидани Созишномаи мазкур ба сатҳи хизматрасонии байналмилалии ҳамлу нақл, содирот, воридот ва транзити бор бо нақлиёти […]

Дар ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Созишнома байни ҳукумати Тоҷикистон ва ҳукумати Туркманистон дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёти роҳи оҳан мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Тавре ки дафтари матбуоти палатаи поёнии парлумонии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, тасдиқ гардидани Созишномаи мазкур ба сатҳи хизматрасонии байналмилалии ҳамлу нақл, содирот, воридот ва транзити бор бо нақлиёти роҳи оҳан байни Тоҷикистону Туркманистон беҳбуд мебахшад.

Гуфта мешавад, созишнома инчунин ба таҳкими ҳамкории дуҷониба, зиёд гардидани гардиши молу маҳсулот миёни ҳарду кишвар, бо истифода аз роҳҳои оҳани транзитӣ ва бандари обии Туркманбошии Туркманистон тавассути Баҳри Каспий баромадан ба роҳҳои оҳани дигар кишварҳои Аврупо мусоидат хоҳад кард.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар хулосаҳояшон тасдиқ намудани Созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намуданд.

Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, дар зарфи 11 моҳи соли гузашта ҳаҷми гардиши мол байни Тоҷикистону Туркманистон 18,1 млн долларро ташкил додааст, ки 2,7 баробар зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 мебошад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.