Сатторов сафир дар Олмон: раисони нави Кумитаи рушди маҳал ва шаҳрҳои Ваҳдату Ҳисору Роғун кистанд?

Иршод Сулаймонӣ, Asia-Plus

Раисҷумҳури Тоҷикистон дар идомаи тағйироти кадрӣ, Иммомуддин Сатторовро дигарбора сафири Тоҷикистон дар Олмон таъин намуд. Сатторов, ки то тобистони соли гузашта сафири Тоҷикистон дар Русия буд, қабал аз он дар солҳои 2007-2014 сафири Тоҷикистон дар Олмон ҳам буд.

Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон Шарифҷон Ҷумъазодаро раиси Кумитаи рушди маҳалли Тоҷикистон таъин намуд, ки то имрӯз раиси шаҳри Ҳисор буд. 

То ин дам Қосим Раҳбар, яке аз кадрҳои собиқадори тими Эмомалӣ Раҳмон ва дар гузашта бонуфуз раиси Кумитаи рушди маҳҳал буд, ки ҳоло иҷрокунандаи раиси шаҳри Ҳисор таъин шуд. 

Мирзо Исмоилзода ҳам ба курсии раиси шаҳри Ваҳдат такя зад. То ин дам Исмоилзода яке аз ширкатҳои бузург ва пурбаҳси Тоҷикистон "Барқи Тоҷик"-ро раҳбарӣ мекард. 

Раиси нави ширкати "Барқи тоҷик" Маҳмадумар Асозода таъин шуд. Асозода то ин вақт муовини якуми раиси ин ширкат буд. Бо қарори ҳукумат Абдулло Қурбонзода муовини раиси ин ширкат таъин шуд. Ҳамчунин  Мавҷуда Холиқзода ба далели расидан ба синни нафақа аз мақоми муовини раиси ширкати "Барқи тоҷик" озод шуд.

Бо қарори дигари раиси ҳукумат Усмон Давлатзода ба ҷойи Ҷамшед Табарзода директори генералии Корхонаи
воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» таъин шуд. Ҳамчунин Ҷурахон Ғаффорзода ба ҷойи Сайфиддин Раҳимзода муовини якуми раиси ин ниҳод таъин карда шуд.

Ба мақоми шаҳрдори нави Роғун Суннатулло Саидзода расид. Саидзода то ин дам муовини сардори раёсати хоҷагии Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон буд.

Хайриддин Усмонзода, ки вакили порлумон аз Ҳизби ҳокими халқии демкоратӣ буд, ба ҷойи Хуршед Зиёӣ, раиси Маркази тадқиқоти стратегии наздии президент шуд. Дар фармони барканории Зиёӣ "ба сабаби гузаштан ба кори дигар" гуфта шудааст, валеи ҳоло маълум нест, ки чӣ мақоме гирифтааст.

Эмомалӣ Раҳмон бо фармони дигари худ сафири Тоҷикистон дар Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзодаро ҳамзамон Намояндаи комилҳуқуқи Тоҷикистон дар Комиссияи масъалаҳои иқтисодии назди Шӯрои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таъин кардаанд.

Бо фармони дигари раисҷумҳур Соҳибназар Ғайратшо  бо далели ба кори дигар гузаштан аз мақоми сафири Тоҷикистон дар Олмон ва ҳамзамон аз вазифаи сафири Тоҷикистон дар Лаҳистон озод карда шуд. Аммо гуфта нашудааст, ки мақоми нави сафири собиқ чист.

Раисҷумҳури Тоҷикистон ҳамчунин Ҷамшед Сатторзодаро аз вазифаи директори Маркази идораи Лоиҳаи рушди инфраструктураи маҳаллӣ дар Тоҷикистон озод кардаанд.

Мирҳаёт Ёқубзодаро Эмомалӣ Раҳмон аз мақоми муовни раиси Бонки миллӣ озод кардааст, аммо далели барканории Ёқубзода зикр нашудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...