Ҷасади тоҷики таксирони дар Петербург кушташударо ба ватан фиристоданд

Ҷасади шаҳрванди Тоҷикистонро, ки дар шаҳри Санкт-Петербург таксиронӣ мекарду бераҳмона кушта шуд, рӯзи 26 январ ба ватан фиристоданд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ. Ба гуфтаи манбаъ, дар фиристодани ҷасад ба ватан консулгарии генералии Тоҷикистон ва диаспораи тоҷикон дар Санкт-Петербург мусоидат кардаанд. Ҷасад бо ҳавопаймои ширкати “Уралские авиалинии” фиристода шудааст. Зикр шуд, […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Ҷасади шаҳрванди Тоҷикистонро, ки дар шаҳри Санкт-Петербург таксиронӣ мекарду бераҳмона кушта шуд, рӯзи 26 январ ба ватан фиристоданд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ.

Ба гуфтаи манбаъ, дар фиристодани ҷасад ба ватан консулгарии генералии Тоҷикистон ва диаспораи тоҷикон дар Санкт-Петербург мусоидат кардаанд. Ҷасад бо ҳавопаймои ширкати “Уралские авиалинии” фиристода шудааст.

Зикр шуд, ки барои тафтиши дақиқи ин куштор консулгарӣ мудом бо сохторҳои дахлдори Русия дар тамос аст.

Ёдрас мекунем, ки ҷасади таксирони тоҷик бо гулӯи бурида ва захмҳои зиёди корд дар қаламрави фурудгоҳи Пулково дар Санкт-Петербург дарёфт шуд. Ҷасади мард дар дохили автомашинаи “Фольксваген Поло”, ки ба яке аз ширкатҳои шаҳр тааллуқ дошту  дар қаламрави фурудгоҳ буд, қарор дошт.

Дар кадрҳои камераҳои навори видеоӣ сабт шудааст, ки то куштор дар автомашина чор нафар қарор доштаанд. Тибқи маълуомти пешакӣ, таксирон се нафар мусофиронро ба фурудгоҳ овардааст. Дар мошин байни онҳо муноқиша сар зада, ба куштор меанҷомад. Дар дохили мошин корд пайдо шуд.

Дар робита ба ин ҳодиса Кумитаи тафтишоти Русия мутобиқи моддаи 105-и Кодекси ҷиноятии Русия (Одамкушӣ) парвандаи ҷиноятӣ боз намуд.

Тоҷикистонии кушташуда моҳи декабри соли 2021 бо мақсади дарёфти кор барои таъмини рӯзгораш ба Русия омада буд.

Сафорати Русия дар Тоҷикиситон қаблан дар ин робита изҳор намуда буд, ки ҷиҳати мушаххас кардани ҷузъиёти ҳодисаи мазкур, ба мақомоти дахлдори кишвари иқомат ёддошти расмӣ ирсол намудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.