Билети парвоз аз Тоҷикистон ба Қазоқистон 100% қимат шуд

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Дар Тоҷикистон нархи билетҳои ҳавопаймо ба Қазоқистон якбора боло рафт. Нархи парвоз қариб 100 фоиз зиёд шуда, лекин маҳз дар хатсайрҳои ширкати ҳавопаймоии Air Astana. Мусофирон мегӯянд, айни замон он зиёда аз 8 ҳазор сомонӣ нарх дорад.

Ҳозир бо хатсайри Душанбе-Алмато-Душанбе ширкатҳои ҳавопаймоии Somon Air ва Air Astana дар як ҳафта як парвозӣ анҷом медиҳанд: ширкати Тоҷикистон рӯзи чорашанбе ва ширкати Қазоқистон – рӯзҳои якшанбеи ҳафта.

Мусофирон шикоят мекунанд

Аз Тоҷикистон ба Қазоқистон асосан шаҳрвандоне парвоз мекунанд, ки аз Русия ихроҷ шудаанд.

Яке аз чунин шаҳрвандон – сокини ноҳияи Айнӣ Меҳрдод мегӯяд, се моҳ пеш аз Маскав хориҷ шуда, мехоҳад, ки Қазоқистон коркунӣ равад.

“Лекин дар муқоиса бо моҳи гузашта билети ҳавопаймо хеле қимат шудааст. Пештар онҳо ҳудуди 4 ҳазор сомонӣ нарх доштанд, ҳозир бошад, зиёда аз 8 ҳазор сомонӣ. Ман ин қадар пул надорам. Аз ҳамсоя 4 ҳазор сомонӣ қарз гирифта, намедонам боз аз куҷо 4 ҳазор сомонии дигар ёбам”, – гуфт ба “Азия-Плюс” Меҳрдод.

Билетфурӯшон чӣ мегӯянд

Дар яке аз нуқтаҳои билетфурӯшии шаҳри Душанбе тасдиқ карданд, ки моҳи ахир билетҳо ба Қазоқистон хеле гарон шуданд ва шояд ин ба шумори зиёди мусофирон (талабот) вобаста бошад.

“Айни замон ба самти Қазоқистон талабот хеле зиёд аст. Намедонам ин ба чӣ вобаста бошад, лекин нархҳо ногаҳон боло рафтанд. Масалан, дар рӯзи 20 феврал нархи билети хатсайри Душанбе-Алматои ширкати Air Astana  8 ҳазор сомонӣ ва ба самти бозпас 1 ҳазору 568 сомониро ташкил медиҳад. Аз Тошканд то Алмато бо 7 ҳазору 723 сомонӣ расидан имкон дорад”, – гуфтанд дар нуқтаи фурӯши билетҳои ҳавопаймо.

Тамос гирифтан бо намояндагии ширкати ҳавопаймоии Air Astana муяссар нашуд, то ки ба сабаби болоравии нархи билет рӯшанӣ андозем.

Дар сомонаи расмии ширкати ҳавопаймоии Қазоқистон низ дар бораи сабабҳои гароншавии билетҳо маълумот нест.

Билетҳои Somon Air арзонтаранд

Дар ҳамин ҳол, дар нуқтаи расмии билетфурӯшии Somon Air хабар доданд, ки онҳо моҳи феврал  парвоз дар нақша надошта, билети хатсайри рӯзи 2 март ба Алмато пешбинишуда 5 ҳазору 291 сомониро ташкил медиҳад.

“Билети хатсайри Душане-Алмато дар рӯзи 9 март 5 ҳазору 91 сомонӣ ва бозпас аз он ҷо 1 ҳазору 275 сомонӣ нарх дорад”, – гуфтанд дар ин нуқта.

Дар ҳамин ҳол, дар Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” дар ин робита хабар доданд, ки аз болоравии нархи билетҳо ба Қазоқистон огаҳӣ надоранд.

“Агар дар рафти санҷиш тасдиқ шавад, ки нархи билетҳои ҳавопаймо боло рафтааст, ҳатман барои поин бурдани он чора хоҳем андешид”, – изҳор намуданд дар Агентӣ.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Қурбони Собир: “Тоҷикони Самарқанду Бухоро бетарафанд ва аз ҳувияти худ дарак намедиҳанд”

Бахши дуввуми мусоҳиба бо иҷрокунандаи нақши Ҷомӣ дар филми "Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ” дар бораи ҳувияти миллӣ ва забони тоҷикӣ дар Самарқанду Бухоро.

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.