Сафорати Афғонистон дар Амрико баста мешавад. Кормандон хостаанд парчам барканда нашавад.

Бар асоси як номаи Вазорати хориҷаи Амрико, ки ба сафорати Афғонистон дар Вашингтон ирсол шудааст, сафорати Афғонистон дар Вашингтон ва консулгариҳояш дар Лос-Анҷелесу Ню-Йорк баста мешавад.  Гуфта мешавад дар ин номаи Вазорати хориҷаи Амрико, рӯзи 17 январи соли 2022 ба сафорати Афғонистон дар Вашингтон хабар дода шудааст, ки "то як моҳи баъд" ин намояндагӣ ва ҳамчунин […]

Алимшоҳ Меҳрзода, Asia-Plus

Бар асоси як номаи Вазорати хориҷаи Амрико, ки ба сафорати Афғонистон дар Вашингтон ирсол шудааст, сафорати Афғонистон дар Вашингтон ва консулгариҳояш дар Лос-Анҷелесу Ню-Йорк баста мешавад. 

Гуфта мешавад дар ин номаи Вазорати хориҷаи Амрико, рӯзи 17 январи соли 2022 ба сафорати Афғонистон дар Вашингтон хабар дода шудааст, ки "то як моҳи баъд" ин намояндагӣ ва ҳамчунин консулгариҳои  Афғонистон дар Лос-Анҷелесу Ню-Йорк бояд таътил шаванд.

Амрико чанде пеш ҳисобҳои молии сафорати Афғонистон дар ин кишварро масдуд карда буд. Ин кор сабаби мушкилоти иқтисодӣ шуда буд ва сафорати Афғонистон гуфта буд, ки "мушкилоти иқтисодӣ" идомаи фаъолияти сафоратро ғайримумкин кардааст. 

Дар ҳамин ҳол, дар номае, ки ба дасти расонаҳо расидааст, ба Одила Роз, сафири давлати пешини Афғонистон дар Вашингтон пешниҳод шудааст, ки ба танҳоӣ ба фаъолияти худ идома диҳад, вале кормандон ва дипломатҳои дигар имтиёзҳои худро аз даст хоҳанд дод. 

Бино ба иттилои расонаҳо Одила Роз аз самташ канорагирӣ кардааст. Ӯ ба ирсоли номае ба Вазорати хориҷаи Амрико гуфтааст, ки ба танҳоӣ ба кораш идома намедиҳад ва аз мақомаш канорагирӣ мекунад.

Ҳамчунон расонаҳо гузориш додаанд, ки сафорати Афғонистон аз Вазорати хориҷаи Амрико хостааст, ки дар сурати баста шудани сафорат, бояд парчами серанги Афғонистон бар сохтмонҳои сафорат ва консулгариҳои ин кишвар боқӣ бимонад.

Амрико ҳукумати Толибонро ба расмият нашинохтааст  ва ҳисобҳои молии намояндагиҳои Афғонистон  дар ин кишвар низ дар бонкҳои амрикоӣ масдуд шудаанд.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.

Тоҷикистон ният дорад аз Қазоқистон то 1,3 млн тонна ғалла ворид кунад

Тоҷикистон ният дорад, ки аз ин кишвар то 1,3 млн тонна зироати ғалладона ворид намояд.

Имтиёз барои “мағзҳо”. Русия ба муҳоҷирон “корти сабз” пешниҳод кард

Акнун киҳо метавонанд бидуни имтиҳон ва навбат ҳуҷҷати иқомат гиранд?