Медали биринҷии Темур Раҳимов дар “Tel Aviv Grand Slam 2022”

Asia-Plus

Паҳлавони маъруфи кишвар Темур Раҳимов дар “Tel Aviv Grand Slam 2022”, ки 17-19 феврал дар пойтахти Исроил баргузор шуд, медали биринҷӣ ба даст овард.

Тавре ки маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, Темур дар вазни +100кг 19-уми феврал мусобиқаро аз даври дуюм оғоз кард ва баъди ду пирӯзӣ бар Серафим Компаниез аз Исроил ва Стефан Ҳегйӣ аз Австрия ба даври нимфинал роҳ ёфт.

“Вале ӯ дар нимфинал аз Гурам Тушишвилӣ (Гурҷистон), ки медали тилло гирифт, мағлуб шуд. Сипас Темур дар қувваозмоӣ барои ҷои сеюм Энди Грандаи кубагиро шикаст дода, бо медали биринҷӣ ва 1500 евро сарфароз гардид”, – омадааст дар хабари Кумита.

Ёдрас мешавад, ки ин медали чоруми Темур Раҳимов дар силсилаи мусобиқоти ҷудои ҷаҳон мебошад. Ӯ соли 2019 дар Гран Прии Марокаш медали биринҷӣ, соли гузашта дар дар ду мусобиқаи Grand Slam дар Боку медали нуқра ва дар Абу Дабӣ медали биринҷӣ гирифтааст.

Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Тел-Авив 298 варзишгар (165 мард ва 133 зан) аз 34 кишвар ширкат доштанд.

Ба иттилои манбаъ, Тоҷикистонро дар ин мусобиқа ба ҷуз аз Темур Раҳимов, инчунин Сомон Маҳмадбеков (-73 кг), Шодмон Ризоев (-81 кг) ва Ҷаҳонгир Маҷидов (-90 кг) – намояндагӣ карданд.

Сомон Маҳмадбеков, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм бар варзишгари Бразил Ҷеферсон Сантос Юниор ғолиб омад. Вале дар даври чорякфинал аз Тоҳар Бутбул (Исроил) ва дар даври тассалобахш аз Игор Вандтке (Олмон) шикаст хӯрда, дар натиҷа мақоми ҳафтумро ишғол кард. Дар вазни -73кг Ҳидоят Ҳайдаров (Озарбойҷон) медали тилло гирифт.

Зикр мегардад, ки ду паҳлавони дигари тоҷик – Шодмон Ризоев ва Ҷаҳонгир Маҷидов – дар даври аввал ноком шуданд.

Дар ҳисоби даставӣ мунтахаби Фаронса бо ба даст овардани чор медали тилло ва чор медали биринҷӣ ғолиб шуд. Мунтахаби Озарбойҷон, ки ду медали тилло ва яктоӣ нуқраю биринҷӣ гирифт, ҷои дуюмро сазвор шуд. Гурҷистон бо ду медали тилло ва як нуқра ҷойи сеюмро азхуд кард.

Мунтахаби Тоҷикистон бо як медали биринҷӣ ва як ҷойи ҳафтум дар байни 34 кишвар ҷойи 23-юмро соҳиб шуд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми панҷоҳу панҷуми ин асари...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.