Даргузашти Зайнулобиддин Кобулӣ, узви вобастаи Академияи илмҳо дар синни 60-солагӣ

Зайнулобиддин Кобулӣ раиси пешини Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бар асари беморие, ки дошт, дирӯз, 20.02.2022 дар шаҳри Душанбе, дар синни 60-солагӣ даргузашт. Кобулӣ аз зумраи яке аз коршиносони варзидаи Тоҷикистон дар масъалаҳои обу экология дониста мешуд. Ӯ доктори илмҳои техникӣ, профессор, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон буд. Зайналобуддин Кобулӣ зодаи […]

Зайнулобиддин Кобулӣ раиси пешини Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бар асари беморие, ки дошт, дирӯз, 20.02.2022 дар шаҳри Душанбе, дар синни 60-солагӣ даргузашт.

Кобулӣ аз зумраи яке аз коршиносони варзидаи Тоҷикистон дар масъалаҳои обу экология дониста мешуд. Ӯ доктори илмҳои техникӣ, профессор, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон буд.

Зайналобуддин Кобулӣ зодаи соли 1962 Кӯлоб  ва хатмкардаи ришати сохтмони мулкӣ ва саноатии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон буд.

Баъди хатми донишгоҳ кор дар ҳамин донишгоҳ ба унвони устоди кафедраи меъмории биноҳои саноатӣ ва мулкӣ оғоз ва то соли 1986 кор мекунад. Сипас, барои идомаи таҳсил ва тадқиқот ба Донишкадаи меъморӣ ва сохтмони ба номи В.В. Куйбишеви Маскав фиристода мешавад.

Солҳои 1991 аз шуъбаи аспирантураи ин донишкада фориғ мешавад ва дигарбора ба кор ба Донишгоҳи техникӣ  бармегардад. Солҳои 1993 -2003мудири кафедараи донишгоҳ буд.

Баъдан, солҳои 2003-2004 муовини ректор дар умури таълим ва тарбияи Донишкадаи нақлиёти Тоҷикистон буд.  Солҳои 2005-2006 дар вазифаи директори Китобхонаи давлатии патентию зеҳнии Маркази миллии патенту иттилооти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон кор карда, дар ҳамин солҳои рисолаи докторияшро ҳам дифоъ мекунад.

Соли 2007 вазифаи декани факултаи сохтмону меъмории Донишгоҳи техникоро дошт ва солҳои 2007-2009 роҳбарии Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаи обтаъминкунӣ»-и шаҳри Душанбе буд. 

Соли 2009 директори Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон тайин карданд, ки то соли 2020 дар мақом кор кард. Баъдан то лаҳзаҳои охири умр мудири Озмоишгоҳи захираҳои об ва равандҳои гидрофизикии пажӯҳишгоҳи мазкур буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.