Сарраёсати маорифи Душанбе, гуфт омӯзгорон набояд барои театру кино билетфурӯшӣ кунанд

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе бо нашри як эълон аз сокинон ва падару модари мактабхонҳо хостааст, ки дар сурати ҷамъоварии маблағҳои ғайриқонунӣ ва ҷалби фарзандонашон ба намоишҳои театриву филмҳо, дар вақти дарс ба ин ниҳод муроҷиат кунанд.

Ин ниҳод дар ҳоле чунин эълонро дар саҳифаи фейсбукияш нашр намудааст, ки дар муассисаҳои таълимӣ ба толибилмон чиптаҳои намоишномаҳои театрӣ фурӯхта шуда, омӯзгорон  онҳоро дар намоишномаҳо ҳамроҳӣ мекунанд.

Асомиддин Бобозода, сардори Раёсати таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умуми шаҳри Душанбе дар суҳбат бо «Азия-Плюс» гуфт, ки мақсади нашри эълони мазкур васила қарор нагирифтани омӯзгор барои кори театру кино мебошад.

 «Бигзор омӯзгорон намоишномаҳои териро дар дарсҳои тарбиявӣ таблиғ намоянд ва ба хонандагон маълумотҳо бидиҳанд. Аммо омӯзгор восита нашавад, ки ба василаи ӯ чиптаҳо фурӯхта шаванд.  Омӯзгорро бе ин ҳам масъулияти бузург дорад», – гуфт  Бобозода.

Ин масъули маорифи Душанбе ҳамчунин гуфт, ҳарчанд то имрӯз дар мавриди сафарбар шудани мактабхонҳо ба театр ё филмҳо аз сӯйи сокинон ва ё волидон ба Сарраёсати маорифи пойтахт шикоятҳо ворид нашуда бошад ҳам, онҳо бо нашри эълони мазкур мехоҳанд ин масъулиятро худи волидон  бар дӯш бигиранд.

«Яъне ҷараёни дарс халаладор нашавад ва ин бор аз дӯши омӯзгорон бардошта шуда, бигзор падару модарон фарзандонашонро ба намоишномаҳри театрӣ баранд. Бигзор мактабхонҳо бо падару модари худ рӯзҳои истироҳат ё ҳар вақти дигар  ба театр бираванд. Дар ин баробар қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»  низ  амалӣ карда мешавад ва волидайн масъулият ҳис кунанду барои фарзандони худ вақт ҷудо намоянд»,-мегӯяд ӯ.

Аммо дар эълони Сарраёсати марифи пойтахт гуфта мешавад, ки ҷалби тарбиятгирандагону хонандагон ба намоишҳои театрӣ ва тамошои филм танҳо бо ризояти падару модар ё шахсони онҳоро ивазкунанда дар вақти фориғ аз дарсҳо ба роҳ монда шуда, дар ин самт ҷадвали алоҳида аз ҷониби Сарраёсати маориф ва шуъбаҳои ноҳияиҳои шаҳри Душанбе таҳия намегардад. 

Қаблан театрҳои пойтхат намоишномаҳоро ба мактабҳо барои мусоидат намудан пешниҳод мекарданд ва шуъбаҳои маорифи ноҳияҳо ҷадвал тартиб медоданд, ки рӯзи муайяншуда кадом хонандагони кадом мактабҳо ба намоишномаҳо бурда мешаванд. Ҳоло бошад ин ҷадвалҳо аз байн бурда шудаанд», – гуфт Асомиддин Бобозода.

Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе дар ин эълонаш хостааст, ки дар ҳолати аз ҷониби масъулони муассисаҳои таълимӣ ба таври маҷбурӣ ҷалб кардани тарбиятгирандагону хонандагон ба намоишҳои театрӣ ё филмҳо метавонанд арзу шикоятҳои худро тариқи телефони боварии Сарраёсати маорифи Душанбе  2213092 ё почтаи электронии [email protected] ирсол намоянд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.