ВКХ: Шаҳрвандони Тоҷикистон бе раводид аз Украина ба Лаҳистон, Руминия ва Молдова рафта метавонанд

Asia-Plus

Дар Сафорати Тоҷикистон дар Украина раванди тартиб додани рӯйхати шаҳрвандоне, ки хоҳиши бозгашт ба Ватанро доранд, ба роҳ монда шудааст.

Тавре ки Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад, ба ҳолати 09:00 рӯзи 28 феврали 2022 теъдоди чунин шаҳрвандон зиёда аз 200 нафарро ташкил дод, ки аз он 76 шаҳрванд ба Лаҳистон ва 45 шаҳрванд ба Молдова мустақилона сафар намуданд.

Бинобар ҳодисаҳои кунунӣ дар Украина, аз ҷумла ҷорӣ гардидани ҳолати ҳарбӣ дар тамоми қаламрави кишвар ва баста шудани ҳарими ҳавоӣ, Вазорати корҳои хориҷӣ маълумоти зеринро ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Тоҷикистон мерасонад.

“Дар ҳудуди Украина 4 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ мемонад, ки 101 нафар аз онҳо донишҷӯ мебошанд.

Телефони тамоси Сафорат дар Киев шабонарӯзӣ бо рақами +380933361040 фаъолият мекунад, ки тариқи он дипломатҳои тоҷик доир ба масъалаи бозгашти шаҳрвандон тариқи кишварҳои сеюм мусоидати фаврии консулӣ мерасонанд.

Айни замон шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд аз Украина ба Лаҳистон, Руминия ва Молдова бидуни барасмиятдарории раводид ба муҳлати маҳдуд, то 14 рӯз сафар намоянд. Дар баробари ин, шаҳрвандони Тоҷикистонро зарур аст, ки бо худ ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият ва дигар ҳуҷатҳои дахлдор дошта бошанд.

Дар сарҳади Украина-Лаҳистон 8 нуқтаи гузаргоҳи сарҳадӣ – “Шегини”, “Рава-Русская”, “Ягодин”, “Устилуг”, “Краковетс”, “Угринов”, “Смолнитса” ва “Грушев” амал мекунанд.

Дар сарҳади Украина-Молдова 7 нуқтаи гузаргоҳи сарҳадӣ, аз қабили “Паланка-Маяки”, “Ҷурҷулешти-Рени”, “Вулканешти-Виноградовка”, “Мирное-Табаки”, “Чадир Лунга-Новие Торяни”, “Бессарабка-Серпневое” ва “Тудора-Староказаче” фаъол мебошанд.

Дар сарҳади Украина-Руминия 10 нақтаи гузаргоҳи сарҳадӣ, аз ҷумла “Ҷурҷулешти-Galati”, “Кагул-Oancea”, “Леушени-Албитса”, “Скулен-Яси”, “Костешти-Stinca”, “Крива-Мамалига”, “Ларга-Келменси”, “Бричани-Росошани”, “Окниса-Сокиряна” ва “Атаки-Могилёв-Подолский” амал мекунанд.

Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки аллакай дар ҳудуди Лаҳистон, Руминия ва Молдова қарор доранд, дар ҳолати зарурӣ метавонанд бо шахсони масъули намояндагиҳои дипломатии зерин дар тамос бошанд:

* Сафорати Тоҷикистон дар Молдова (бо қароргоҳ дар Киев) хатти алоқаи доимии рақами +380933361040;

* Сафорати Тоҷикистон дар Лаҳистон (бо қароргоҳ дар Берлин) хатти алоқаи доимии рақами +4915238204875, WhatsApp +992988613755;

* Сафорати Тоҷикистон дар Руминия (бо қароргоҳ дар Вена) хатти алоқаи доимии рақами +436604806878 WhatsApp +992918243494.

Аз шаҳрвандоне, ки дар қаламрави Украина қарор доранд хоҳиш карда мешавад, то дастуру ҳидоятҳои ҷоригардидаи ҳолати ҳарбиро қатъиян риоя намоянд, ботаҳаммул бошанд ва то ҳадди имкон манзилашонро тарк накунанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми панҷоҳу панҷуми ин асари...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.