Поёни музокироти Русияву Укроин: ҳайатҳо барои машварат ба пойтахтҳои худ баргаштанд

Музокирот миёни ҳайатҳои Русия ва Укроин, ки дар марзи Укроину Белорус гузашт, ба поён расид. Михаил Подоляк, мушовири раисиҷумҳури Укроин дар як паёми видеоӣ гуфт: "Музокироти ҳайатҳо дар марзи Беларус ба поён расид ва ҳайатҳои музокиракунанда барои машварат ба пойтахтҳои худ баргаштанд." Ба гуфтаи Подоляк, ҳадафи аслии музокирот баррасии созиши оташбас ва поёни амалиёти ҷангӣ […]

Музокирот миёни ҳайатҳои Русия ва Укроин, ки дар марзи Укроину Белорус гузашт, ба поён расид.

Михаил Подоляк, мушовири раисиҷумҳури Укроин дар як паёми видеоӣ гуфт: "Музокироти ҳайатҳо дар марзи Беларус ба поён расид ва ҳайатҳои музокиракунанда барои машварат ба пойтахтҳои худ баргаштанд."

Ба гуфтаи Подоляк, ҳадафи аслии музокирот баррасии созиши оташбас ва поёни амалиёти ҷангӣ дар хоки Укроин будааст.

Ба иттилои расонаҳо дафтари раисҷумҳури Укроин хостори оташбаси фаврӣ шудааст.

Ҳамчунин натиҷаи музокиротро раҳбари ҳайати Русия, ёвари раисиҷумҳури ин кишвар, Владимир Мединский низ дар як паёми видеоӣ шарҳ дод. 

Ӯ гуфт, ки ҳайатҳо барои баррасии музокирот бо роҳбарони худ ба пойтахтҳои кишварҳо бармегарданд.

"Нукоте рӯшан шуд, ки  бар асоси он метавон ба мавқеи муштарак расид"-иброз дошт ӯ.

Мединский афзуд, ки мулоқоти навбатии ҳайатҳои Маскав ва Киев рӯзҳои наздик дар марзи Беларусу Лаҳистон баргузор мешавад.

Гуфта мешавад ин музокирот ҳудуди панҷ соат идома кардааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".