Боздошти раиси ҷамъияти “Матлубот”- Кӯлоб барои талаби 27 ҳазор сомонӣ

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Оҷонсии зиддифасоди Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар як амалиёти вижа кормандони ин ниҳод Меҳринисо Раҳимова, раиси Раёсати ҷамъияти «Матлубот»-и шаҳри Кӯлобро бо гумони дарёфти ришва боздошт кардаанд.

Дар Маркази матбуоти Оҷонсӣ дар хабарномае, нашр кардааст, овардааст, ки Раҳимова ҳангоми гирифтани 17 ҳазор сомонӣ дастгир шудааст. Дар ин бора Маркази матбуоти Оҷонсӣ хабар медиҳад.   

Манбаъ менависад, ки Раҳимова барои вобаста намудани нуқтаи савдо ба шаҳрванд “А” аз ӯ 27 ҳазор сомонӣ талаб намуда, зимни гирифтани 17 ҳазор сомонии боқимонда аз ҷониби кормандони Оҷонсӣ дастгир ва маблағи мазкур ҳамчун далел аз ӯ гирифта шуд.

Ба иттилои Оҷонсӣ, нисбати Меҳринисо Раҳимова бо моддаи 279 қисми 3 (ришвадиҳии тиҷоратӣ) парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба додгоҳ ирсол гардидааст.

Дар сурати тасдиқи гуноҳ дар асоси ин модда, Руҳимоваро ҷарима ба андозаи аз ҳаштсад то як ҳазору панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 15 ҳазору 200 то 96 ҳазор сомонӣ) ё то ду соли ҳабс таҳдид мекунад.

Давоми моҳи март ин севвумин ҳолати бо пора ба даст афтодани кормандони давлатӣ мебошад, ки Оҷонсии зиддифасоди Тоҷикистон хабар медиҳад.

Вале дар ҳоли ҳозир назари Меҳринисо Раҳимова ва наздикони ӯ дастрас нест. 

Бино ба навиштаи  торнамои маҷаллаи "Бонувони Тоҷикистон", Меҳриннисо Раҳимова 21 апрели соли 1970 дар ноҳияи Данғара ба дунё омадааст. Хатмкардаи факултаи савдои техникуми савдои шаҳри Душанбе ва риштаи байтории Коллеҷи хоҷагии қишлоқи вилояти Хатлон будааст.

Ҳамчунин риштаи педагогика ва психологияи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусравро низ хатм кардааст. То таъин шудан ба вазифаи  раисии Раёсати ҷамъияти "Матлубот"-и шаҳри Кӯлоб дар соли 2012, мудири ташхисгоҳи бозори Саховати шаҳри Кӯлоб будааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, TelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Трамп отложил еще на 10 дней удары по иранским электростанциям

А Пезешкиан заявил, что Путин вдохновляет Иран в этой войне

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...