Боздошти раиси ҷамъияти “Матлубот”- Кӯлоб барои талаби 27 ҳазор сомонӣ

Оҷонсии зиддифасоди Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар як амалиёти вижа кормандони ин ниҳод Меҳринисо Раҳимова, раиси Раёсати ҷамъияти «Матлубот»-и шаҳри Кӯлобро бо гумони дарёфти ришва боздошт кардаанд. Дар Маркази матбуоти Оҷонсӣ дар хабарномае, нашр кардааст, овардааст, ки Раҳимова ҳангоми гирифтани 17 ҳазор сомонӣ дастгир шудааст. Дар ин бора Маркази матбуоти Оҷонсӣ хабар медиҳад.    Манбаъ менависад, ки […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Оҷонсии зиддифасоди Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар як амалиёти вижа кормандони ин ниҳод Меҳринисо Раҳимова, раиси Раёсати ҷамъияти «Матлубот»-и шаҳри Кӯлобро бо гумони дарёфти ришва боздошт кардаанд.

Дар Маркази матбуоти Оҷонсӣ дар хабарномае, нашр кардааст, овардааст, ки Раҳимова ҳангоми гирифтани 17 ҳазор сомонӣ дастгир шудааст. Дар ин бора Маркази матбуоти Оҷонсӣ хабар медиҳад.   

Манбаъ менависад, ки Раҳимова барои вобаста намудани нуқтаи савдо ба шаҳрванд “А” аз ӯ 27 ҳазор сомонӣ талаб намуда, зимни гирифтани 17 ҳазор сомонии боқимонда аз ҷониби кормандони Оҷонсӣ дастгир ва маблағи мазкур ҳамчун далел аз ӯ гирифта шуд.

Ба иттилои Оҷонсӣ, нисбати Меҳринисо Раҳимова бо моддаи 279 қисми 3 (ришвадиҳии тиҷоратӣ) парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба додгоҳ ирсол гардидааст.

Дар сурати тасдиқи гуноҳ дар асоси ин модда, Руҳимоваро ҷарима ба андозаи аз ҳаштсад то як ҳазору панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 15 ҳазору 200 то 96 ҳазор сомонӣ) ё то ду соли ҳабс таҳдид мекунад.

Давоми моҳи март ин севвумин ҳолати бо пора ба даст афтодани кормандони давлатӣ мебошад, ки Оҷонсии зиддифасоди Тоҷикистон хабар медиҳад.

Вале дар ҳоли ҳозир назари Меҳринисо Раҳимова ва наздикони ӯ дастрас нест. 

Бино ба навиштаи  торнамои маҷаллаи "Бонувони Тоҷикистон", Меҳриннисо Раҳимова 21 апрели соли 1970 дар ноҳияи Данғара ба дунё омадааст. Хатмкардаи факултаи савдои техникуми савдои шаҳри Душанбе ва риштаи байтории Коллеҷи хоҷагии қишлоқи вилояти Хатлон будааст.

Ҳамчунин риштаи педагогика ва психологияи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусравро низ хатм кардааст. То таъин шудан ба вазифаи  раисии Раёсати ҷамъияти "Матлубот"-и шаҳри Кӯлоб дар соли 2012, мудири ташхисгоҳи бозори Саховати шаҳри Кӯлоб будааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, TelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.

Дафтари САҲА дар Душанбе “Азия-Плюс”-ро ба 30-солагиаш табрик кард

Ин созмон саҳми расонаи моро дар рушди журналистика дар кишвар муҳим арёзбӣ кард.

Дар Тоҷикистон минтақаҳои озоди иқтисодӣ рақамӣ мешаванд

Минбаъд соҳибкорон имкон пайдо мекунанд, ки дархостҳои худро ба таври онлайн пешниҳод кунанд..

Заҳролудшавии 4 кас баъди истеъмоли гушти мурғ дар яке аз ошхонаҳои Панҷакент

Ошхонае, ки сокинон заҳролуд шудаанд, муваққатан баста шудааст.

Тасдиқи реҷаи нави кори мағоза ва тарабхонаву марказҳои дилхушӣ дар Душанбе. Онҳо то кай бояд кор кунанд?

Соҳибони марказҳои савдову хидматрасонӣ бояд реҷаи кори худро бо комиссияи шаҳрдорӣ мувофиқа кунанд.

Русия 27 шаҳрванди Тоҷикистонро аз Эрон берун баровардааст

Онҳо дар нерӯгоҳи ҳастаии "Бушаҳр" кор мекарданд.

Муштзанони тоҷик дар марҳилаи якуми Ҷоми ҷаҳон дар Бразилия ширкат мекунанд

Федератсияи бокси Тоҷикистон ҳайати дастаро, ки аз 4 варзишгар иборат аст, эълон кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 68

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.