Дар Тоҷикистон ҷоизаи вижаи давлатӣ дар бахши синамо таъсис шуд. Номаш “Тоҷи Сомон”

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Рӯзи 1 апрели соли 2022 дар шаҳри Душанбе нахустин маросими супурдани синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» бо шиори “Қадршиносии ҳунари асил” бо ширкати созандагони филмҳои ватанӣ баргузор мешавад. Дар ин бора “Тоҷикфилм” хабар медиҳад.

Манбаъ менависад, ки синамоҷоиза бо мақсади тарғиби дастовардҳои беҳтарини синамои миллӣ, тақвияти ҳамкориҳои синамогарони Тоҷикистон ва дастгирии ҷавонони боистеъдоди соҳа  баргузор гардида, муассиси он ҳукумати Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» мебошанд.

Гуфта мешавад, ки дар озмун филмҳои ҳунарӣ, мустанад, бадеии кӯтоҳ ва тасвирии истеҳсоли ватанӣ, ки давоми солҳои 2019-2021 аз ҷониби филмофарони Тоҷикистон ба навор гирифта шудааст, муаррифӣ хоҳанд шуд.

– Маросими ҷоизасупории Синамоҷоизаи миллии “Тоҷи Сомон” бо дарназардошти барномаи фарҳангӣ ва иштироки васеи филмсозон 1-уми апрели соли 2022, соати 18:00 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ баргузор мегардад, – гуфтанд аз “Тоҷикфилм”.

Дар ҳоли ҳозир ҷузъиёти дигари ин ҷоизаи миллӣ дар бахши синамо маълум нест.

Ҳамчунин дар хабарномаи "Тоҷикфилм" гуфта нашудааст, ки филмҳо дар асоси чӣ интихоб ва соҳиби ҷозиа мешаванд. Тоҷикфилм ҳамчунин низомномаи ин ҷоизаро низ пешниҳод накардааст, ки дар кадом бахшҳо дода мешаванд.

Ҳамчунин гуфта нашудааст, ки арзиши ин ҷоиза чӣ қадар аст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...