Дар Дарвоз 15 хонавода ба макони амн кӯчонида мешаванд

Дар ноҳияи Дарвози ВМКБ бар асари хавфи офати табиӣ 15 хонавода ба кӯчонидан ба минтақаи амн ниёз доранд. Тавре ки Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар ҷараёни баргузории таҳқиқоти муҳандисиву геологӣ бо мақсади муайян намудани хатари омадани сел хулоса шудааст, ки дар ин минтақа 15 хонавода зери хавфи омадани сел қарор доранд. Айни замон […]

Asia-Plus

Дар ноҳияи Дарвози ВМКБ бар асари хавфи офати табиӣ 15 хонавода ба кӯчонидан ба минтақаи амн ниёз доранд.

Тавре ки Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар ҷараёни баргузории таҳқиқоти муҳандисиву геологӣ бо мақсади муайян намудани хатари омадани сел хулоса шудааст, ки дар ин минтақа 15 хонавода зери хавфи омадани сел қарор доранд.

Айни замон комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи ноҳия барои дар ояндаи наздик ба минтақаҳои дигари амн кӯчонидани ин хонаводаҳо тадбирҳо меандешад.  Ба оилаҳои осебдида аз ҷониби ҳукумати маҳаллӣ ва соҳибкорони хусусии вилоят кумакҳои зарурӣ расонида шуд.

Гуфта мешавад, рӯзҳои 12-18 март сел гилу лойи зиёдро фурӯ рехтааст, ки дар натиҷа барои чанде аз хонаводаҳои деҳаи Умараки ноҳияи Дарвози ВМКБ хисорот овардааст.

Тибқи маълумоти пешакии Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи вилоят дар натиҷаи офати табиӣ ду бинои истиқоматӣ пурра ва се хонаи истиқоматӣ қисман хароб шудааст. Инчунин, заминҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои ёрирасони шаш хоҷагӣ зарар дидаанд.

Ба иттилои манбаъ, 27 март боронҳои шадид ва гарм шудани дамои ҳаво боиси боло рафтани сатҳи об дар рӯдхонаҳо ва ҳаракати хоку гил шуд, ки бар асари он дар километри 352 роҳи мошингарди Ш.Шоҳин – Дарвоз, ки аз қаламрави деҳаи Умарак убур мекунад, роҳ баста гардид.

Барои анҷом додани корҳо ҷиҳати рафъи оқибатҳои офати табиӣ техникаи махсуси Вазорати нақлиёт ҷалб гардида, бо кӯшиши кормандони ин идора паёмадҳо бартараф шуданд. Дар айни замон роҳ боз аст ва мошинҳо аз ду самт равуо доранд.

Бино ба иттилои Агентии обуҳавошиносии кишвар, то охири моҳи марти соли ҷорӣ эҳтимоли лағзиши тарма, омадани селу, ҳодисаҳои дигаре назири ярч ва болоравии сатҳи оби дарёҳо ва обанборҳо  боқӣ мемонад.

Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз аҳолӣ бо эҳтиром хоҳиш мекунад хеле эҳтиёткор бошанду ҳушёр! Ҷони худ ва пайвандони худро аз хатарҳои эҳтимолӣ наҷот диҳанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио