Худкушии як шоҳу арӯс дар Вахш баъди ҳамагӣ чанд рӯзи тӯй? Додситонӣ ба таҳқиқи қазия оғоз кардааст

Сайраҳмон Назриев, Asia-Plus

Дар ноҳияи Вахши вилояти Хатлон ҷасадҳои як домоду арӯсро, ки ҳамагӣ чанд рӯз пеш тӯй шуда буданд, дар оғил пайдо кардаанд. Ин ҳодиса шаби 27 ба 28-уми март рух додааст ва ҳоло дақиқ нест, ки ин ҳодиса худкушӣ аст ё омили дигаре дорад.

Ҷасадҳои ин ҷуфти ноком, рӯзи 28-уми март ба хок супурда шудаанд.

Дастагул Мирзоева, раиси ҷамоати деҳоти "Тоҷикобод"-и ноҳияи Вахш дар суҳбат бо “АП” ин хабарро таъйид кард.

“Мутаасифона ду ҷавон дар деҳаи деҳаи Якатут Шарифбек Зиёев ва Гулҳавас Шоева, ки ҳамагӣ чанд рӯз қабл туйи арӯсӣ карда буданд, дар оғилхонаи хонаи шаҳ онҳоро овехта пайдо кардаанд. Дирӯз ҷанозаи ин ду ҷавон ба хок супурда шуд. Дирӯз ва имрӯз ҳам бо падару модари шаҳ суҳбат доштам. Ба гуфти падару модари Шарифбек, ҳам писараш ва келинаш сиҳату саломат буданд. Ҳеҷ як беморие надоштанд, баъди тӯяшон ҳарду хушу хурсанд будаанд",- гуфт Мирзоева

Гулҳавас Шоева, сокини деҳаи Дилбари ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳияи Кӯшониён будааст. Ин ҷавонон бо розигии падару модар оила барпо кардаанд ва қаблан шиносоӣ ҳам надоштаанд,- гуфт Дастагул Мирзоева.

Ба гуфти раиси ҷамоат айни замон вобаста ба ин ҳодиса мақомоти ҳифзи ҳуқуқ санҷиш гузаронида истодаанд.

Салоҳиддин Исмоилзода, додситони ноҳияи Вахш ба “Азия-Плюс” гуфт, ки вобаста ба ин ҳодиса додситонӣ ба санҷиш шуруъ карда аст.

“Айни замон сабабу омилҳои даст ба худкуши задани ин ҷавонон маълум нест ва баъди санҷиши ҳаматарафа метавон хулосае кард”,- гуфт додситон Исмоилзода.

Дар ҳоли ҳозир назари наздикону пайвандони ин ҷуфти нокоми навхонадор дастрас нест.

Дар Тоҷикистон ҳодисаҳои даст ба худкушӣ задан дар миёни мардум нигаронкунанда буда, солҳои ахир он хеле зиёд шудааст. Аммо ҳодисаи ахир, ки шоҳу арӯс ба ин кор даст зада бошанд, бори аввал буд, сару садоҳои зиёдеро ба бор овардааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, TelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...