Натиҷаҳои рӯзи сеюми Чемпионати Осиё оид ба велосипедронӣ дар шоҳроҳ

Asia-Plus

Дар Душанбе аз рӯзи сеюми Чемпионати Осиё оид ба велосипедронӣ дар шоҳроҳ натиҷагирӣ шуд. Ин мусобиқа то 30 март давом мекунад.

Тавре ки дафтари матбуоти шаҳрдории пойтахт хабар медиҳад, дар ин мусобиқа 428 намоянда аз 27 давлати қора иштирок доранд.

Дар рӯзи сеюми мусобиқа велосипедронҳои Қазоқистон, Ҷопон ва Муғулистон ғолиб шуданд.

Дар рӯзи аввал намояндагони Қазоқистон, Индонезия ва Муғулистон, дар рӯзи дуюм – варзишгарони Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб пирӯзӣ ба даст оварданд.

Қобили зикр аст, ки Чемпионати Осиё оид ба велосипедронӣ дар шоҳроҳ байни ҷавонони синни то 19-сола, ҷавонони то 23-сола, калонсолон ва варзишгарони имконияташон маҳдуд ҷараён дорад.

Велосипедронҳое, ки ба гирифтани зинаи аввал даст меёбанд, бо медали тилло ва ҷерси (матоъ) сарфароз гардонида мешаванд.

Дар ҳамин ҳол, рӯзи 26 март раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ зимни мулоқот бо президентҳои Федератсияи байналмилалии велосипедронӣ Давид Лаппартиен ва Конфедератсияи велосипедронии Осиё Осама ал Шафар масоили марбут ба ин чемпионатро баррасӣ кард.

Рустами Эмомалӣ ба меҳмонон барои макони ин чорабинӣ интихоб шудани шаҳри Душанбе изҳори миннатдорӣ намуда, пешниҳод кард, ки барои муаррифӣ ва рушди ин намуди варзиш дар Тоҷикистон солҳои оянда мусобиқаи байналмилалии велосипедронии кӯҳӣ гузаронида шавад.

Дар ин робита, ҷонибҳо ба мувофиқа расида, зикр гардид, ки баъд аз пешниҳоди ҳуҷҷатҳои лозима аз ҷониби Федератсияи велосипедронии Тоҷикистон ин чорабинии варзишӣ дар ояндаи наздик баргузор хоҳад гашт.

Қобили зикр аст, ки сарпарастони чемпионат «Tcell», «Al Shafar Group», “IM Group”, осоишгоҳи «Шоҳамбарӣ», “FIFTYFIVEGROUP” ва “Huawei”, сарпарастони техникӣ – “TezNet” ва “Asian Express”, шарикони расонаӣ – «Азия-Плюс» ва ТВ «Варзиш» мебошанд. Оби чемпионат – “Сиёма” аст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...