“Толибон” нашри барномаҳои BBC-ро дар Афғонистон манъ карданд

Толибон нашри барномаҳои телевизиони BBC-ро дар Афғонистон манъ карданд. Дар ин бораи BBC-форсӣ хабар медиҳад. Телевизиони BBC дар чанд соли ахир бар асоси қарордод барномаҳояи форсиву пашту ва ӯзбекияяшро дар бархе аз шабакаҳои телевизионии Афғонистон нашр мекард. Ин барномаҳои BBC аз сӯйи телевизиони BBC-форсӣ таҳия мешуданд. Бино ба иттилои расонаҳои Афғонистон, "Толибон" ба телевизионҳои маҳаллӣ дастур додаанд, ки аз нашри барномаҳои телевизионҳои […]

Asia-Plus

Толибон нашри барномаҳои телевизиони BBC-ро дар Афғонистон манъ карданд. Дар ин бораи BBC-форсӣ хабар медиҳад. Телевизиони BBC дар чанд соли ахир бар асоси қарордод барномаҳояи форсиву пашту ва ӯзбекияяшро дар бархе аз шабакаҳои телевизионии Афғонистон нашр мекард.

Ин барномаҳои BBC аз сӯйи телевизиони BBC-форсӣ таҳия мешуданд.

Бино ба иттилои расонаҳои Афғонистон, "Толибон" ба телевизионҳои маҳаллӣ дастур додаанд, ки аз нашри барномаҳои телевизионҳои байналмилалӣ, аз ҷумла BBC худдорӣ кунанд. Дар ҳоли ҳозир ба ҷуз BBC ҳамчунин телевизиони "Ошно"-и "Садои Амрико" ҳам барномаҳояшро дар бархе аз телевизионҳои маҳалии Афғонистон бознашр менамояд.

BBC мегӯяд, ки пас аз ин дастури Толибон нашри барномаҳои хабарии телевизионҳои форсӣ, пашту ва ӯзбекии ин телевизион дар ин кишвар қатъ шудааст.

Ториқ Кафола, раиси бахши барномаҳои ғайриинглисии BBC гуфтааст, ки ин як таҳаввули нигаронкунанда аст ва дар ҳоле рух медиҳад, ки мардуми Афғонистон дар вазъияти нобасомону номушаххасе умр ба сар мебаранд.

Ин масъули BBC аз Толибон хостааст, ки  ин тасмимашонро бознигарӣ кунанд ва иҷоза диҳанд, ки расонаҳои ҳамкори BBC  дар Афғонистон фавран ба пахши барномаҳои BBC оғоз кунанд.

Толибон то кунун дар ин бора изҳори назаре накардаанд.

Барномаҳои хабарии форсӣ, ӯзбекӣ ва паштуи BBC-ро шабакаҳои "Орзу", "Ориёнонеюс", "Шамшод" нашр мешуданд. 

Дафтари намояндагии СММ дар Афғонистон дар робита ба ин тасмими Толибон изҳори нигаронӣ намуда, онро "як таҳаввули дилхароши дигар" номидааст.

Бино ба гузориши расонаҳои Афғонист  пас аз сари қудрат омадани Толибон дар Афғонистон ниме аз расонаҳо аз миён рафтаанд. Толибон барои расонаҳои Афғонистон ҳам шартҳои сахтгиронае пеш гузоштаанд. Аз ҷумла ҳузури занони хонандаи хабарро дар телевизионҳои маҳаллӣ манъ карданд ва дастур додаанд, ки шабакаҳои Афғонистон аз нашри серёлҳои хориҷӣ даст бикашанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, TelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио