Милитсияи Душанбе ду пиёдагардро барои муҷозоти худсаронаи ронанда ҳабсу ҷарима кард

Кормандони милитсияи шаҳри Душанбе ду пиёдагардро барои худсарона ҷазо додани ронандаи автомашинае, ки онҳоро дар роҳи пиёдагард роҳ надодааст, боздошт намуданд. Тавре ки маркази матбуоти Раёсати ВКД Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, 26 март дар як қатор шабакаҳои иҷтимоӣ наворе нашр гардид, ки дар он муноқишаи ду нафар ҷавонписар бо ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-зефира» […]

Asia-Plus

Кормандони милитсияи шаҳри Душанбе ду пиёдагардро барои худсарона ҷазо додани ронандаи автомашинае, ки онҳоро дар роҳи пиёдагард роҳ надодааст, боздошт намуданд.

Тавре ки маркази матбуоти Раёсати ВКД Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, 26 март дар як қатор шабакаҳои иҷтимоӣ наворе нашр гардид, ки дар он муноқишаи ду нафар ҷавонписар бо ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-зефира» инъикос ёфта буд.

Навори мазкур мавриди вокунишҳои шадиди шаҳрвандону корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ қарор гирифта, дар ин робита кормандони милитсия чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ роҳандозӣ намуданд.

Зимни санҷиши ҳодисаи мазкур муайян карда шуд, ки пиёдагардон сокинони шаҳри Душанбе – Ҳикматулло Хурсандови 24-сола ва бародари 15-солаи ӯ мебошанд.

https://www.youtube.com/watch?v=UQONS_tRkGs

Гуфта мешавад, бародарон барои роҳ надодани онҳо дар роҳи пиёдагарди назди маркази савдои “Пайкар” ба ронанда Шоҳрух Ғаниеви 23-сола, сокини пойтахт дарафтода, ӯро мавриди дашному ҳақорат ва зери лату кӯб қарор додаанд.

Нисбат ба Ҳикматулло Хурсандов протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, ба муҳлати 10 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ ҷазо таъин шуд.

Бародари ноболиғи ӯ ба миқдори се нишондиҳанда барои ҳисоб (1 нишондиҳанда ба 64 сомонӣ баробар аст) ҷарима шуд.

Ҳамзамон нисбати ронандаи автомашина барои роҳ надодан ба пиёдагард тибқи талаботи моддаи 324 КҲМ ҶТ прокол тартиб дода шуда, ҷаримабандӣ (1 нишондиҳанда барои ҳисоб) карда шуд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.