Мактабхонҳои як мактаби Хуҷанд дар олимпиадаи Амрико 171 медал ба даст оварданд

Хонандагони як мактаб дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд дар Олимпиадаи байналмиллалии “FISO”-и  Амрико соҳиби 171 медали тилло, нуқра ва биринҷӣ шудаанд. Ин олимпиада ба таври фосилавӣ аз фанҳои математика, табиатшиносӣ, забони англисӣ ва санъати тасвирӣ оғози моҳи март барпо шуда, охири ҳафтаи гузашта кумитаи тадорукот натиҷаҳои онро эълон кард. Ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдории Хуҷанд, […]

Ҳалим Ҷӯраев, Asia-Plus

Хонандагони як мактаб дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд дар Олимпиадаи байналмиллалии “FISO”-и  Амрико соҳиби 171 медали тилло, нуқра ва биринҷӣ шудаанд.

Ин олимпиада ба таври фосилавӣ аз фанҳои математика, табиатшиносӣ, забони англисӣ ва санъати тасвирӣ оғози моҳи март барпо шуда, охири ҳафтаи гузашта кумитаи тадорукот натиҷаҳои онро эълон кард.

Ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдории Хуҷанд, аз 171 нафар толибилмони “Литсей барои хонандагони болаёқат”, ки дар олимпиада пирӯз шуданд, аксаран аз фанҳои математика ва забони англисӣ медал ба даст оварданд.

Дар ин мусобиқаи фаннии фосилавӣ аз 26 давлати дунё, беш аз 4 ҳазор толибилм иштирок кардаанд.

Манбаъ мегӯяд, толибилмони ин литсейи шаҳри Хуҷанд давоми як соли ахир дар олимпиадаҳои фаннӣ ва забономӯзӣ дар кишварҳои Англия, Таиланд, Малайзия, Туркия, Русия, Чин, Амрико, Фаронса, Италия, Ҳиндустон иштирок карда, 313 медал ба даст оварданд.

Хонандагони ин мактаб, дар олимпиадаҳои бонуфузи ҷаҳонии “Дониш” ва “Коперникус”, ки дар кишварҳои Туркия ва Амрико низ ҳузурӣ иштирок намуда, пирӯз шуда буданд.

Дар “Литсей барои хонандагони болаёқат”-и шаҳри Хуҷанд беш аз 250 хонанда шомили ҳаракати олимпӣ буда, ҳоло 42 нафар аз онҳо барои иштироки ҳузурӣ дар олимпиадаи байналмиллалии  кишварҳои Англия ва Олмон омодагӣ мебинанд.

Инчунин даҳаи дуюми моҳи феврали имсол 28 нафар хонандаи ин литсей ба даври ниҳоии олимпиадаи “ISTEM”-и Олмон роҳхат гирифтанд.

Ин олимпиада аз фанни математика бо забони англисӣ тариқи фосилавӣ доир шуда дар он 48 хонандаи ин мактаби Хуҷанд иштирок карда буданд. Даври ниҳоии озмун дар шаҳри Франкфурти Олмон санаҳои 19-24 июли имсол баргузор мегардад ва дар назар аст дар он аз 96 давлати дунё беш аз 8 ҳазор хонандаи мактаб ҳузури иштирок мекунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, TelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.