Муҳлати будубоши тоҷикистониён дар Ӯзбекистон бидуни сабт эҳтимол то 10 рӯз дароз шавад

Asia-Plus

Дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон рӯзи 28 март Протокол дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Созишнома байни ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар бораи мусофирати мутақобилаи шаҳрвандон аз 9 марти соли 2018 баррасӣ шуд. Ин тағйирот ба муҳлати будубоши тоҷикистониён дар қаламрави кишвари ҳамсоя бидуни сабти муваққатӣ дахл дорад, ки  эҳтимол то 10 рӯз дароз карда мешавад.

“Шаҳрвандони давлати яке аз Тарафҳо, ки ба қаламрави давлати Тарафи дигар ворид мешаванд, аз уҳдадории бақайдгирӣ ва қайди муваққатӣ дар мақомоти салоҳиятдори давлати Тарафи иқомат ба муҳлати  10 (даҳ) рӯзи корӣ аз лаҳзаи гузаштани сарҳади давлатии давлати Тарафи қабулкунанда озод мешаванд”, – омадааст дар сомонаи палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон.

Вакили Маҷлиси намояндагон Равшан Раҷабзода зимни шарҳи протокол иброз дошт, ки бо дарназардошти он, ки солҳои охир шумораи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба Ӯзбекистон сафар менамоянд, афзоиш ёфтаанд ва бинобар сабаби кам будани муҳлати бақайдгирӣ баъзан ба мушкилиҳо рӯ ба рӯ мешаванд, аз ин лиҳоз Протокол дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Созишнома байниҳукуматӣ дар бораи мусофирати мутақобилаи шаҳрвандон аз 9 марти соли 2018 ба имзо расонида шуд, ки тибқи он ба бандҳои 3 ва 4 илова ворид карда шуданд.

Қаблан шаҳрвандони Тоҷикистон бидуни бақайдгирӣ се шабонарӯз метавонистанд дар қаламрави Ӯзбекистон қарор дошта бошанд.

Ёдрас мекунем, ки мувофиқи Созишнома “Дар бораи мусофирати мутақобилаи шаҳрвандон”, шаҳрвандони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон бидуни раводид (виза) метавонанд то 30 рӯз дар қаламрави кишвари ҳамсоя қарор дошта бошанд.

Тоҷикистон аз 15 март ва Ӯзбекистон аз 16 март гузаргоҳҳои заминиро байни кишварҳо пурра боз намуданд.

Тибқи қарори Комиссияи махсуси ҷумҳуриявии Ӯзбекистон оид ба мубориза бо коронавирус, аз 16 март бо доштани шиноснома/сертификатҳои ваксина гирифтан аз сирояти коронавирус, ба вуруди ҳамаи шахсон ба Ӯзбекистон бидуни ПСР-тест иҷоза дода мешавад.

Аммо дар сурати надоштани шиноснома/сертификатҳои ваксина гирифтан, шахси воридшаванда бояд натиҷаҳои манфии ПСР-тест (бо QR-коди электронӣ)-ро бо худ дошта бошад, ки на зиёдтар аз 72 соат то замони расидан дода шудааст ё зимни вуруд ба қаламрави Ӯзбекистон экспресс-тест месупорад.

Айни замон кори ҳамаи гузаргоҳҳои сарҳадӣ дар сарҳади муштарак барқарор карда шудааст.

Ҳамчунин бо қарори Ситоди ҷумҳуриявии муқовимат бо COVID-19-и Тоҷикистон, фаъолияти ҳамаи гузаргоҳҳои марзи давлатӣ бо Ӯзбекистон ба реҷаи муқаррарӣ гузаронида шуд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...