Қирғиз дигар об намедиҳад? Дар деҳаҳои марзии ноҳияи Ғафуров барои мардум чоҳҳои об мекананд

Ҳалим Ҷӯраев, Asia-Plus

Муаммои норасоии об сар аз оғози сол ва хафви хушксоливу мушкили додугирифти об бо Қирғизистон мақомоти Суғдро водор кардааст, ки дар ноҳияи марзии Бобоҷон Ғафуров даҳҳо чоҳи амудӣ кофта, мардум ва хоҷагиҳоро бо об таъмин кунанд.

Қирғизистон чанд ҳафта аст, ки аз канали “Хоҷабақирғон”, ки ягона манбаи оби сокинони наздимарзӣ аст, об намедиҳад. Аз ин канал садҳо хоҷагидорону аҳолии ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Ҷаббор Расулов об мегиранд, ки рӯзҳои ахир беоб мондаанд.

Чанд рӯз пештар дар ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров тарҳи кофтани даҳҳо чоҳи амудиро ба раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода муаррифӣ карданд. Мақомот онро “нақшаи ҷойгиршавии чоҳҳои амудӣ дар мавзеъҳои аз оби нӯшокӣ ва полезӣ танқисидошта” ном мебарад.

Ин тарҳ дар ҳолест, ки чанд рӯзи ахир ҳудуди 30 ҳазор аҳолӣ ва беш аз 750 хоҷагии кишоварзӣ дар ҷамоати Овчӣ-Қалъача ба танқисии об рӯ ба рӯ шудаанд, ки сарчашмаи обашон аз Қирғизистон мебошад.

Аминҷон Абдуллоев, сардори Идораи беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилояти Суғд дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, тибқи ин тарҳ бояд имсол дар ҷамоати Овчӣ-Қалъача 30 чоҳи амудӣ бикананд. Вай афзуд, маблағи лоиҳавӣ беш аз 10 миллион сомонӣ буда, аз қаъри 120-180 метр замин бояд об кашанд, ки ин тарҳро ҳукумати Суғд ва хоҷагидорон маблағгузорӣ мекунанд.

“Аз канали “Хоҷабақирғон” тахмин 4 ҳазор гектар замини кишоварзии ҷамоати Овчӣ-Қалъача ва аҳолӣ обёрӣ мешавад. Мо маҷбурем, дигар имконият надорем, дар моҳҳои апрел-май то моҳи июн дар ин канал танқисии об мавҷуд аст. Ҷоҳҳои амудӣ дар ин моҳҳои беобӣ ба кишоварзону аҳолӣ ёрӣ мерасонад. Тариқи чоҳҳои амудӣ то 1,5 куб об кашидан мумкин аст, ки аз он 500 литр оби нӯшокӣ барои аҳолӣ ва 1 куби боқимонда барои 1000 гектар замини ишоварзӣ мерасад”,-мегӯяд ин масъул.

Канали “Хоҷабақирғон”, ки манбаъи оби он аз Қирғизистон сарчашма мегирад, ба ҷузъ таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ, ҳамчунин ҳудуди 9 ҳазор гектар заминҳои кишоварзии ду ноҳияи наздимарзии вилояти Суғд, ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Ҷаббор Расуловро шодоб мегардонад. Аммо дар оғози фасли баҳор ва чанд рӯз ба ин тараф садҳо хоҷагии кишоварзӣ ва ҳазорҳо аҳолии ҷамоати Овчӣ-Қалъача, ки сахт пойбанди оби “Хоҷабақирғон” мебошанд ба танқисии оби полезиву нӯшокӣ рӯбарӯ шудаанд.

Абдуҳамид Одинаев, муовини раиси ҷамоати Овчӣ-Қалъача мегӯяд, даҳ рӯз ба ин тарф канали “Хоҷабақирғон” об надорад. Аз ин рӯ, 26 ҳазор аҳолӣ ва зиёда аз 750 хоҷагии деҳқонии ин ҷамоат ба танқисии оби полезиву нӯшокӣ дучор шудаанд.

“Вақте дар канал об нест, баъзе шаҳнвандон маҷбур шуданд заминҳои ёрирасони худро бо оби харида обёрӣ кунанд. Аммо бо оби харидори шуда  хоҷагиҳои калонро намешавад обёрӣ кард. Агар чоҳи амудӣ кофта шавад оби он ба ҷӯйборҳо рехта мешавад ва мардум низ аз танқисии об халос мешаванд”.  

Мақомот мегӯяд, баъди чанд рӯзи бастани об аз суйи ҳамсояҳо, охири ҳафтаи гузашта бо раисони вилояти Бодканд суҳбат карданд ва субҳи душанбеи 25-уми апрел ба канали “Хоҷабақирғон” 0,8 куб об омад.  Аминҷон Абдуллоев, сардори Идораи беҳдошти замин ва обёрии вилояти Суғд гуфт, ҷониби қирғизҳо вақте об ба 1-1,5 куб баробар шуд ва диданд, ки норасоии об дар заминҳои худашон мушоҳида шуд, оби моро пурра баста буданд.

“Ҳамсояҳо низ дар минтақаи Лайлак заминҳои нав кушоданд ва аз ин рӯ ҳоло гуфта истодаанд, ки 50% оби “Хоҷабақирғон”-ро онҳо мегиранд ва 50%-ро ба мо медиҳанд. Аммо чанд рӯз 50 ба 50-ро ба инобат нагирифтанд ва оби моро баста буданд”,-гуфт Аминҷон Абдуллоев.

Дар ҳоле Қирғизистон маҷрои оби ин каналро дар фасли оғози баҳор мебандад, ки кишварҳои поёноб низ дар ин шабу рӯз ниёз ба обро доранд. Масъулини идораи обёрӣ мегӯянд, мувофиқи шартномаи байнидавлатӣ Тоҷикистон бояд аз канали “Хоҷабақирғон” 72-73%, Қирғизистон 10% об гиранд ва 15% оби боқимонда бояд ба Ӯзбекистон ҷорӣ шавад.

Аммо ба гуфтаи масъулин бинобар то ҳол об нашудани барфу пиряхҳо дар саргаҳӣ об ҳоло маҷрои ҷоришавии об низ аз Қирғизистон кам мебошад. Мақомот умед доранд, эҳтимол дар тобистон маҷрои об зиёд мешавад ва чун ҳамасола ба канали “Хоҷабақирғон” 30 куб об меояд. Вале аз таҷрибаҳои солҳои пешин маълум аст, ки бо вуҷуди зиёд шудани об ҳамасола кишвари ҳамсоя дар додугирифти об монеъаҳо пеш меорад ва ин боис ба муноқишаҳо дар марз мегардад. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

Тахриби манзил дар Тоҷикистон: чӣ гуна метавон ҷуброн гирифт?

Шарҳи ҳафт масъалаи муҳиму рӯзмарра дар бораи гирифтани ҷубронпулӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...