Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи амнияти Қирғизистонро бозпурсӣ мекунанд

Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистонро ба ҳайси шоҳиди ҳодисаҳои моҳи июни соли 2010 дар Додситонии кулли он кишвар бозпурсӣ мекунанд. Дар ҳодисаҳои моҳи июни соли 2010 Тошиев дар вилояти Ҷалолободи Қирғизистон ҳузур дошт ва тирамоҳи он сол вакили порлумон интихоб шуд. Як сол пеш Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон аз дубора фаъол шудани таҳқиқи […]

Хадамоти хабарҳом Осиёи Марказӣ

Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистонро ба ҳайси шоҳиди ҳодисаҳои моҳи июни соли 2010 дар Додситонии кулли он кишвар бозпурсӣ мекунанд. Дар ҳодисаҳои моҳи июни соли 2010 Тошиев дар вилояти Ҷалолободи Қирғизистон ҳузур дошт ва тирамоҳи он сол вакили порлумон интихоб шуд.

Як сол пеш Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон аз дубора фаъол шудани таҳқиқи парвандаи ҷиноии марбут ба ҳаводиси моҳи июни соли 2010 хабар дода буд. Парванда бо моддаи "Сӯистифода аз мақоми хизматӣ" нисбати масъулони Ҳукумати муваққатӣ боз шудааст. Мақомоти Қирғизистон мегӯянд, масъулони ҳукумати муваққат иҷоза дода буданд, ки Қодирҷон Батиров, яке аз сабабгорони ҳодисаҳои хунини моҳҳои май-июни соли 2010 аз Қирғизистон фирор кунад.

Расонаҳои Қирғизистон ҳамчунин хабар доданд, ки президенти он кишвар Содир Ҷабборов ба мақомоти махсуси Қирғизистон дастури эҳёи дубораи парвандаи бетартибиҳои соли 2010-ро додааст. Дар низоъи қавмии соли 2010 дар вилоятҳои Ӯш ва Ҷалолободи Қирғизистон бештар аз 400 кас кушта шуда буд.

Низоъи моҳи июни соли 2010 баъди сари қудрат омадани Ҳукумати муваққат, баъи инқилоти 7 апрел рух дод. Бархеҳо дар Қирғизистон бар ин боваранд, ки ҳаводиси вилояти Ӯшро ҷонибдорони Боқиевҳо ташкил кардаанд. Боқиевҳо баъди инқилоби моҳи апрели он сол ба Белорус фирор карданд. Боварҳои дигар низ мавҷуданд, ки ҳодисаҳои соли 2010-ро кори дасти ҷудоихоҳон ва гуруҳҳои ҷиноие медонанд, ки талоши назорати қочоқи маводи мухаддиро доштанд.

Ба иттилои расмӣ, дар натиҷаи низоъи қавмӣ дар соли 2010 дар ҷануби Қирғизистон 446 кас кушта, қариб 2 ҳазор кас ҷароҳат бардоштааст. Дар он ҳодисаҳо 57 тани дигар беному нишон шуданд, ки то кунун 19 тани онҳо пайдо нашудаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.