Чорабинии ҷамъбастии Шабакаи лоиҳаи “Таъмини об ва беҳдошт дар Тоҷикистон”

Иттилояи расмӣ

18 майи соли 2022, дар Душанбе дар Ҳайят Реҷенси, ҷаласаи ҷамъбастии Шабакаи Таъмини об ва беҳдошти Тоҷикистон (ТоҷВСС), ки аз ҷониби Ҳукумати Швейтсария маблағгузорӣ шудааст, баргузор гардид.

Шабакаи ТоҷВСС моҳи ноябри соли 2009 аз тарафи Оксфам Интернэшнл дар чаҳорчӯби лоиҳа ташаббус гирифта, аз ҷониби Ҳукумати Швейтсария маблағгузорӣ  ва роҳандозӣ шудааст. Дар баробари ҳукумат, ҷонибҳои манфиатдори маҳаллӣ ва байналмилалӣ дар ҳамоҳангсозии масоили ислоҳоти соҳаи об дар марҳилаҳои ибтидоӣ, дар дастгирии ташаббусҳои ҳукумат ва донорҳо мусоидат карда, дар ҷалби ҷонибҳои манфиатдори маҳаллӣ зимни қабули қарорҳо, нақши муҳим бозидаанд.

Лоиҳа тавассути таъсиси 15 оператори нави обтаъминкунӣ ва мустаҳкам намудани ду корхонаи мавҷуда  (Водоканал ва Тоҷикобидехот) дар навоҳии Рӯдакӣ, Мӯъминобод ва Кӯлоб тақрибан ба 136, 000 нафар аҳолӣ оби тоза ва беҳдошти устувор ва дастрас, пешкаш намуд.

Ба он беш аз 8, 000 бемори бистаришуда ва 42, 000 бемори амбулаторӣ дар як сол аз сохтмони системаи нави тозакунии обҳои партови ғайримарказонидашуда (DEWATS) барои ду шуъбаи беморхонаи ноҳияи Рӯдакӣ хизмат мерасонанд. Ин пешрафт боис гардид, ки беш аз 1000 оила  ҳоҷатхонаҳои худро бо хароҷоти молиявии худ созанд. Лоиҳа як имконияти хубе буд барои ҳукумат ва қарорқабулкунандагони асосӣ, ки чӣ гуна дастовардҳо ва иншоотҳои хизматрасони ғайримуттамаркази об ва беҳдошт метавонад доимӣ ва пойдор буда ва некӯаҳволии одамонро беҳтар созанд.

Хонум Саломе Штайб, роҳбари дафтари Швейтсария оид ба Ҳамкориҳо дар Тоҷикистон чунин қайд карданд: «Таъмини дастрасӣ ба оби ошомиданӣ танҳо аз бунёд ва бозсозии шабакаҳои обтаъминкунӣ нест. Ин пеш аз ҳама оид ба идоракунии устувори шабакаҳо барои такмил додани хидматрасонии дарозмуддат мебошад. Ин эҳёи иқтидори муносиби салоҳиятдорони масъул ва аҳолиро барои идоракунии шабакаҳои оби нӯшокӣ ва беҳдошт, ва фароҳам овардани фазои сиёсӣ барои тағйироти мусбиро дар сатҳи миллӣ, тақозо мекунад.

Ҷаноби Орхан Алӣ, Роҳбари барномаи Оксфами Байналмилалӣ дар Тоҷикистон: “Лоиҳа дар се ноҳия 15 шабакаи  обтаъминкуниро таъсис додааст, ки ба мардум, мактабҳо, муассисаҳои тандурустӣ ва биноҳои ҷамъиятӣ оби тоза расонида шароити санитариро фароҳам меорад.

Гузашта аз ин, мо бори аввал дар таърихи Тоҷикистон, барои ду шуъбаи беморхона дар ноҳияи Рӯдакӣ системаи  тозакунии обҳои партови ғайримарказонидашуда (DEWATS) сохтем, ки оби ташнобро тоза мекунад, ки онро барои обёрии замин метавон истифода бурд. Аз он даме, ки лоиҳа аз ибтидо муҳити фарогир ва шаффофро пайгирӣ кард, ҳукуматҳои маҳаллӣ ва аҳолӣ дар сохтмон ва идоракунии шабкаҳои об ва иншоотҳои санитарӣ, ташаббуси беандоза нишон доданд. Ин ҳисси моликияти ҷомеаро оид ба устувории шабака дар оянда, бедор намуд”.

Ҳукумат ҳамоҳангсозии ҷонибҳои манфиатдорро барои ноил шудан ба Ҳадафи 6-ми Рушди Устувор (оби тоза ва санитария) тавассути татбиқи лоиҳаҳои мазкур, омӯзиш ва низомҳои  сиёсӣ, пешбарӣ мекунад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...