Ширкати раҳбарони ниҳодҳои блоки иқтисодӣ ва соҳибкорони тоҷик дар Форуми сармоягузории Брюссел

Раҳбарони ниҳодҳои бахши иқтисодии Тоҷикистон ҳамро бо бархе аз соҳибкорони тоҷик дар Форуми соҳибкории Брюссел ширкат кардаанд. Сафорати Тоҷикистон дар Брюссел мегӯяд, дар ин чорабинии муаррифии бахшҳои мухталифи иқтисоди кишвар ҷиҳати ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ сурат гирифт. Ин Форум 18-уми май дар пойтахти Иттиҳоди Аврупо – шаҳри Брюссел бо иштироки сарварон ва кормандони бузургтарин ширкатҳои […]

Иттилоияи расмӣ

Раҳбарони ниҳодҳои бахши иқтисодии Тоҷикистон ҳамро бо бархе аз соҳибкорони тоҷик дар Форуми соҳибкории Брюссел ширкат кардаанд. Сафорати Тоҷикистон дар Брюссел мегӯяд, дар ин чорабинии муаррифии бахшҳои мухталифи иқтисоди кишвар ҷиҳати ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ сурат гирифт.

Ин Форум 18-уми май дар пойтахти Иттиҳоди Аврупо – шаҳри Брюссел бо иштироки сарварон ва кормандони бузургтарин ширкатҳои Белгия, Швейтсария, Подшоҳии Муттаҳида ва дигар мамлакатҳои Аврупо баргузор шуд.

Дар ин чорабинӣ роҳбарони Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Вазорати молия, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Кумитаи рушди сайёҳӣ, Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ бо як гурӯҳи назарраси соҳибкорони ватанӣ ширкат варзиданд. Ҳамзамон дар ин рӯйдоди басо барои кишвари мо муҳим роҳбарон ва намояндагони ниҳодҳои мухталифи Иттиҳоди Аврупо, Парлумони Аврупо ва зиёда аз 115 нафар соҳибкори соҳибноми минтақа, ки бахшҳои нассоҷию бофандагӣ, саноати кӯҳкорӣ, фанновариҳои иттилоотӣ, аз ҷумла бахши зеҳни сунъӣ, саноати сабук, тавлиди ҷавоҳирот ва заргарӣ, рушди кишоварзиву бахши саноатикунонии чорвопарварӣ, коркарди сангҳои ороишӣ ва бинокорӣ ва ғайраро намояндагӣ мекарданд, имконияти хубе барои мусоҳибаҳои касбию ҳирфаӣ, барпо намудани тамосҳои умедбахш буд ва заминаи раванди ояндадори ҷалби сармояи хориҷӣ ба кишварро гузошт,- овардаст сафорати Тоҷикистон дар Брюссел дар хабарномае. 

Сафири Тоҷикистон дар Подшоҳии Белгия ва намояндаи доимии Тоҷикистон назди Иттиҳоди Аврупо Эркинхон Раҳматуллозода дар маросими оғоз ин ҳамоиш гуфтааст, ки ин ҳамоиш барои тақвияти ҳамкориҳои сармоягузорӣ хидмат хоҳад кард

Муовини Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода ва Намояндаи вижаи Иттиҳоди Аврупо хонум Тери Ҳакала низ дар ин ҳамоиш ба одӣ гардидани вазъ баъди бемории ҳамагир барои рушди густариш ва тавсеа ёфтани ҳамкориҳои сармоягузории Аврупо бо Тоҷикистон таъкид карданд.

Абдураҳмон Абдураҳмонзода, муовини вазири рушди иқтисод ва савдо ва Хуршеди Мирзо, муовини аввали раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар схуанрониҳои худ ба муаррифиномаҳои вазъу фазои сармоягузорӣ дар кишвар, имконоти фаровони бо эҷоди минтақаҳои озоди иқтисодӣ ба амаломада, имтиёзоти соҳибкороне, ки ба Тоҷикистон сармоя ворид мекунанд, тариқаи амалӣ намудани пружаҳо дар кишвар бо сармояи мустақими хориҷӣ ишора кардаанд.

Ба навиштаи манбаъ, дар бахши сеюми ҳамоиш, ки имконоти рушди сайёҳии кишвар муаррифӣ шудаанд, муовини Раиси кумитаи рушди сайёҳӣ Камолиддин Мӯъминзода ва роҳбарони панҷ ширкати сайёҳии Тоҷикистон ширкаткунандагонро  "на танҳо ботабиати афсонавию меросии кишвар ошно намуданд, балки таҷрибаи ҳамкориҳои андӯхтаи худро бо шарикони хориҷӣ бо намоиши филмҳои касбӣ пешкаши ҳозирин намуданд".

Раиси Анҷумани операторони сайёҳии Белгия Раэс Геерт, корманди ширкати сармоягузории “Финнова” Пабло Барриос, муовини Вазири молияи Тоҷикистон Сарвар Қурбониён, муовини Раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Манзура Рустамова, менеҷери ширкати ватании ҳушни маснуъӣ Азизҷон Азимӣ дар баррасиҳои ҷонибӣ фаъолона ширкат варзида, аз натиҷаҳои мушаххаси тамосҳои худ иттилоъ доданд,-мегӯяд сафорат.

Раиси Шӯрои мудирони Талко Н. Раҷабзода дар ин ҳамоиш бо сарвари ширкати швейтсарии “Васт рисорсиз ПЛС” Эндрю Прелеа ёддошти тафоҳум ба имзо расониданд, ки маҷмӯи маблағгузориаш 20 млн долларро ташкил медиҳад.

Ширкати “Авесто групп” бо ширкати белгиягии Пиканол Н.В. дар масоили нассоҷӣ ва дузандагӣ, ширкати  “Амина” бо ширкати “Интреко”-и Белгия ёддоштҳои тафоҳумро низ имзо кардаанд, ки он тавсеаи истеҳсолоти аллакай дар Тоҷикистон ба баҳрабардорӣ воридшудаи иловаҳои хӯроки чорвову паррандаро дар бар мегирад.

Сафорати Тоҷикистон дар Белгия мегӯяд, ки "ҳамоиши бошукӯҳ ва пурмуҳтавои Брюссел силсилаи чунин чорабиниҳоеро оғоз намуд, ки онҳо ба рушди босуръати саноати Тоҷикистон ва бахшҳои мухталифи иқтисоди кишвар мусоидати қавӣ хоҳанд кард".

Сафорат изҳори умедворӣ кардаас, ки пайгирии мунтазами тавофуқоти ҳосилшуда аз ҷониби вазорату идораҳои кишвар натиҷаҳои назаррасе ба бор хоҳад овард.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.