Иттиҳодияи Аврупо ҷаласаи якуми Шӯрои ҳавзаи дарёи Вахшро ҳимоят кард

Лоиҳаи рушди фарогирии деҳот/TRIGGER Ҷаласаи якуми Шӯрои ҳавзаи дарёи Вахшро дар умури идоракунии ҳамгирошудаи захираҳои об дар шаҳри Бохтар ҳимоят кард. Чорабинӣ аз ҷониби Шӯрои ҳавзаи дарёи Вахш бо дастгирии Лоиҳа ташкил шуд. Дар ҷаласа аъзои Шӯрои ҳавзавӣ, намояндагони Вазорати энергетика ва захираҳои об, ҳукуматҳои вилоятҳо, ҷонибҳои манфиатдор аз бахши давлатӣ, созмонҳои ҷамъиятии шаҳрвандӣ, байналмилалӣ, […]

Лоиҳаи рушди фарогирии деҳот/TRIGGER Ҷаласаи якуми Шӯрои ҳавзаи дарёи Вахшро дар умури идоракунии ҳамгирошудаи захираҳои об дар шаҳри Бохтар ҳимоят кард. Чорабинӣ аз ҷониби Шӯрои ҳавзаи дарёи Вахш бо дастгирии Лоиҳа ташкил шуд.

Дар ҷаласа аъзои Шӯрои ҳавзавӣ, намояндагони Вазорати энергетика ва захираҳои об, ҳукуматҳои вилоятҳо, ҷонибҳои манфиатдор аз бахши давлатӣ, созмонҳои ҷамъиятии шаҳрвандӣ, байналмилалӣ, маҳаллӣ ва хусусӣ иштирок карданд.

Муовини сардори Раёсати захираҳои оби Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ Г. Шарифовдар суханронияш бар аҳамияти татбиқи Барномаи ислоҳоти оби Тоҷикистон барои солҳои 2016-2025 таъкид намуд.

Ислоҳоти об мақсадҳо, вазифаҳо ва механизмҳои ҳалли проблемаҳои мавҷудаи марбут ба банақшагирӣ, истифода ва идораи захираҳои обро муқаррар менамояд. Инчунин он, баҳри ислоҳот маблағҳои калони молиявӣ чудо менамояд.

Тибқи овоздиҳӣ мақомоти роҳбарикунанда ва низомномаи Шӯрои ҳавзаи дарё, инчунин аксарияти кулли аъзои Шӯрои ҳавзаи дарё тасдиқ карда шуданд. Илова бар ин, дар вохӯрӣ шарикони рушд, аз ҷумла GIZ, CARITAS, Бонки Ҷаҳонӣ ва Бонки Осиёии Рушд фаъолиятҳои лоиҳавии худро дар ҳавзаи дарёи Вахш бо тавсияҳо ва роҳҳои ҳалли беҳтар оид ба идоракунии устувор ва тағйирпазири захираҳои об дар ҳавзаи дарёи Вахш муаррифӣ намуданд.

Дар натиҷаи ҷаласа Шӯрои ҳавзаи дарёи Вахш ҳамчун унсури асосии таъмини рушд ва татбиқи муштарак ҷиҳати ноил шудан ба истифодаи фарогир, одилона ва устувори идоракунии захираҳои обӣ дар ҳавзаи дарё таъсис дода шуд.

Лоиҳа амалиёти худро баҳри дастгирии Вазорати энергетика ва захираҳои об дар татбиқи Барномаи ислоҳоти оби Тоҷикистон барои солҳои 2016-2025 ва беҳтар намудани амнияти обӣ ва устувории минтақаҳои ҳавзаи дарёҳои Вахш ва Зарафшон идома медиҳад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.