Ӯзбекистон ба Укроин боз як миқдор кумаки башардӯстона фиристод

Asia-Plus

Ӯзбекистон ба Укроин боз як миқдор кумаки башардӯстона фиристод. Кумаки иборат аз беш аз 19 тонна маводи тиббӣ бо ҳавопаймо ба Словакия интиқол ёфта, сипас ба Закарпатйе фиристода шуд, хабар медиҳад nova24.uz.

Раиси вилояти Закарпатйе Виктор Микита хабар додааст, ки кумак аз 12 навъи антибиотик ва витаминҳо бо шумори зиёда аз 200 ҳазор дона иборат аст.

Ба иттилои манбаъ, арзиши кумак зиёда аз 1 млн долларро ташкил медиҳад.

Гуфта мешавад, кумаки башардӯстона ба табибони ҳарбӣ, мавзеъҳои задухӯрдҳои низомӣ ва госпиталҳо равона мегардад.

“Ба дӯстон, соҳибкорон ва ризокорон аз Ӯзбекистон барои ёрӣ ва шахсан сафири Укроин дар Ӯзбекистон Николай Дорошенко барои ҳамоҳансгозӣ ва долони пурсамар самимона изҳори миннатдорӣ мекунем”, – навиштааст Микита.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 8 апрел низ Ӯзбекистон ба Укроин зиёда аз 34 тонна кумаки башардӯстона фиристода буд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 31 марти соли 2026

Имрӯз дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон муқобили тими миллии Филиппин рақобат мекунад.

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".