Барқияи табрикии Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Покистон

Миёни президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва президенти Покистон Ориф Алвӣ ба муносибати 30-юмин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатии ду кишвар мубодилаи барқияҳои табрикӣ сурат гирифт. Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон бо изҳори қаноатмандӣ зикр мешавад, ки “тайи ин солҳо муносибатҳои анъанавии дӯстона ва ҳамкориҳои судманди кишварҳои мо дар […]

Asia-Plus

Миёни президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва президенти Покистон Ориф Алвӣ ба муносибати 30-юмин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатии ду кишвар мубодилаи барқияҳои табрикӣ сурат гирифт.

Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон бо изҳори қаноатмандӣ зикр мешавад, ки “тайи ин солҳо муносибатҳои анъанавии дӯстона ва ҳамкориҳои судманди кишварҳои мо дар арсаҳои гуногуни мавриди таваҷҷуҳи тарафҳо мунтазам густариш ёфта, мазмуну мундариҷаи тоза касб кардаанд”.

“Мо сатҳу мӯҳтавои кунунии робитаҳои фарогири кишварҳоямонро, ки бар пояи арзишҳои муштараки таърихӣ, тамаддунӣ ва усулҳои ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтироми якдигар ва эътимод асос ёфтаанд, баланд арзёбӣ карда, ҷавобгӯи манофеи аслии мардумони ду кишвар медонем”, – омадааст дар барқияи ӯ.

Изҳори итминон мешавад, ки бо азму талошҳои пайгиронаи муштарак ба робитаҳои шарикии кишварҳо дар оянда низ рушду тавсеа бахшида шуда, дар соҳаҳои мухталиф ба зинаҳои боз ҳам баланд бардошта мешаванд ва Тоҷикистон омода аст, ки дар ин ҷода тадбирҳои амалии лозима андешад.

Дар фарҷом Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Покистон сиҳатмандии комил, саодати рӯзгор  ва комёбӣ ва ба мардуми дӯсти Покистон сулҳи пойдор, дастовардҳои навин ва пешрафту шукуфоии бемайлон орзу кардааст.

Дар навбати худ Ориф Алвӣ дар барқияи худ зикр кардааст, ки ба равобити бародаронаи ду кишвар манфиат ва арзишҳои муштарак, диду назари умумии сулҳу шукуфоии минтақа хос аст.

“Покистон ва Тоҷикистон ҳамеша дар таҳкими сулҳу субот дар минтақа саҳм гузоштаанд. Ман боварии комил дорам, ки мо метавонем дидгоҳи муштараки худро оид ба густариши робитаҳои минтақавӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ байни Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ тавассути густариши ҳамкориҳои дуҷониба амалӣ созем”, – баён мешавад дар барқияи президенти Покистон.

Ориф Алвӣ низ ба Эмомалӣ Раҳмон саломатии бардавом ва ба мардуми Тоҷикистон пешрафту шукуфоӣ таманно кардааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.