“Фурсати донистан”: Талаботи қонун нисбати шакл ва мазмуни санади маъмурӣ чӣ гуна аст?

Asia-Plus

Ҳар ҳафта дар барномаи “Фурсати донистан”-и радиои “Азия-Плюс” мо бо ҳуқуқшиносон дар мавриди масоили расмиёти маъмурӣ мусоҳибаи ихтисосӣ анҷом медиҳем. Ин бор меҳмони барнома ҳуқуқшиноси маъруф ва вакили дифоъ Иноят Иноятов буд, ки бо Орзу Исоев мавзуи талаботи қонун нисбати шакл ва мазмуни санади маъмурӣ ба баҳс кашиданд.

Фишурдаи ин суҳбатро дар шакли хаттӣ пешниҳоди шумо мекунем:

Санади маъмурӣ дар кадом шакл қабул карда мешавад?

– Мувофиқи талаботи моддаи 13 Кодекси расмиёти маъмурӣ,  санади ҳуқуқии маъмурӣ дар шакли хаттӣ қабул мегардад. Инчунин дар Кодекси расмиёти маъмурӣ ҳолатҳое пешбинӣ шудаанд, ки ҳангоми мавҷуд будани онҳо мақомоти маъмурӣ метавонад, ки санади маъмуриро дар шакли шифоҳӣ қабул намояд. Дар ҳолатҳои таъхирнопазир, ки ба амнияти давлатӣ ё ҷамъиятӣ, саломатии аҳолӣ, ҳаёти одамон хатар таҳдид менамояд санади маъмурӣ метавонад дар шакли шифоҳӣ қабул гардад. Бо талаби тарафи манфиатдор, инчунин дар ҳолатҳое, ки санади маъмурӣ ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шахсро маҳдуд месозад, ҳамчунин дар дигар ҳолатҳое, ки қонун пешбинӣ намудааст, санади маъмурии шифоҳӣ дар давоми 3 рӯзи баъди қабул шуданаш бояд дар шакли хаттӣ қабул карда шавад.

Дар санади маъмурӣ кадом реквизитҳо  дарҷ карда мешаванд?

– Мувофиқи талаботи моддаи 14 Кодекси расмиёти маъмурӣ ҳар як санади ҳуқуқии маъмурӣ бояд реквизитҳои зеринро дар бар гирад:

-номи санади ҳуқуқии маъмурӣ;

-номи мақомоте, ки санади ҳуқуқии маъмурӣро қабул кардааст;

-сарлавҳаи санади ҳуқуқии маъмурӣ;

-ному насаб, номи падар ва имзои шахси мансабдори ваколатдор, ки бо мӯҳри нишондори мақомоти маъмурӣ ё шахси мансабдор тасдиқ карда шудааст;

-вақт ва маҳалли қабул;

-рақами бақайдгирие, ки мақомоти санади ҳуқуқии маъмурӣро қабулкарда додааст.

Дар санади маъмурие, ки қонеъ гардонидани дархости аризадиҳандаро рад мекунад, бояд мақомоте, ки ба он аз болои санади ҳуқуқии маъмурӣ шикоят кардан мумкин аст, суроғаи он ва муҳлати пешниҳоди шикоят (ё даъво) нишон дода шаванд.

Мӯҳлати қабул намудани санади маъмурӣ дар қонун муқаррар карда шудааст ё не?

– Мӯҳлатҳои қабули санади маъмурӣ дар моддаи 50 Кодекси расмиёти маъмурӣ пешбинӣ шудааст. Чун қоида, мақомоти маъмурӣ дар муҳлати як моҳ баъди пешниҳоди аризаи маъмурӣ санади маъмуриро қабул менамояд, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигареро муқаррар накарда бошад. Санади маъмурие, ки ба манфиати шахсони сеюм дахл намекунад, бояд дар давоми 15 рӯзи баъди пешниҳоди аризаи маъмурӣ қабул карда шавад, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигареро муқаррар накарда бошад. Зимнан, ёдрас мешавем, ки агар дар қонунҳои  соҳави мӯҳлатҳои дигари қабули санади маъмурӣ пешбинӣ шуда бошанд, пас мӯҳлатҳои пешбин намудаи қонунҳои номбурда татбиқ карда мешаванд.

Мӯҳлати қабули санади меъёрии ҳуқуқии маъмурӣ ду моҳ мебошад, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигареро муқаррар накарда бошад. Муҳлати умумии қабули санади меъёрии ҳуқуқии маъмурӣ набояд аз 3 моҳ зиёд бошад.

Ин матлаб дар ҳамкорӣ бо Ҷамъиятӣ олмонии ҳамкориҳои байналмилалӣ дар доираи лоиҳаи "Шаҳрванд дар расмиёти маъмурӣ ва истеҳсолоти иҷро" омода шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...