Владимир Путин имрӯз ба Тоҷикистон меояд

Президенти Русия Владимир Путин имрӯз, 28 июн ба Тоҷикистон ташриф оварда, бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дидору гуфтушунид мекунад, хабар медиҳад Кремл. Дар ҷараёни гуфтушунидҳо дар Душанбе масоили рӯзмарраи муносибатҳои шарикии стратегӣ ва рушди минбаъдаи онҳо дар соҳаҳои гуногун мавриди баррасӣ қарор мегиранд, омадааст дар сомонаи президенти Русия. Ҳамчунин гуфта мешавад, зимни гуфтушунид сарони кишварҳо […]

Президенти Русия Владимир Путин имрӯз, 28 июн ба Тоҷикистон ташриф оварда, бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дидору гуфтушунид мекунад, хабар медиҳад Кремл.

Дар ҷараёни гуфтушунидҳо дар Душанбе масоили рӯзмарраи муносибатҳои шарикии стратегӣ ва рушди минбаъдаи онҳо дар соҳаҳои гуногун мавриди баррасӣ қарор мегиранд, омадааст дар сомонаи президенти Русия.

Ҳамчунин гуфта мешавад, зимни гуфтушунид сарони кишварҳо оид ба мушкилоти минтақавӣ бо шумули вазъият дар Афғонистон табодули назар хоҳанд кард.

Сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков ба рӯзноманигорон хабар додааст, ки дар роҳи сафар ба нишасти кишварҳои Назди Каспий дар Ашқобод Владимир Путин дар Душанбе таваққуф мекунад, хабар медиҳад Интерфакс.

Песков илова намудааст, ки вохӯрии Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон як ба як доир мегардад. Аз рӯи натоиҷи он ҳеҷ гуна изҳороте пахш нашуда, имзои санадҳо ҳам дар назар нест.

Хабаргузории ТАСС иттилоъ медиҳад, ки оғози суҳбат барои намояндагони ВАО кушода хоҳад буд. Баъдан сарони кишварҳо гуфтугӯро сари мизи хӯроки нисфирӯзӣ дар вазъи ғайрирасмӣ идома медиҳанд.

Ёвари президенти Русия Юрий Ушаков ба рӯзноманигорон иттилоъ додааст, ки ба ҷуз масоили дар боло зикршуда, зимни гуфтушунид масъалаи ба узвияти Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ЕАЭС) пайвастани Тоҷикистон низ мавриди таваҷҷуҳ қарор хоҳад гирифт, хабар медиҳад Российская газета.

Хабаргузории РБК хотиррасон менамояд, ки ин сафарҳо (ба Душанбе ва Ашқобод) аввалин сафарҳое мебошанд, ки Владимир Путин пас аз оғози амалиёти махсус дар Украина анҷом медиҳад. Бори охир Владимир Путин аввали моҳи феврал ба хориҷа сафар карда, дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои олимпии зимистона дар Чин ширкат варзида буд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.