Дар Ваҳдат мардро барои куштори ҳамсараш боздошт намуданд

Дар шаҳри Ваҳдат марди 40-сола барои куштори ҳамсараш аз ҷониби кормандони милитсия бо гумони содир намудани одамкушӣ боздошт гардид. Бино ба иттиллои Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, ҳодиса рӯзи 24-уми июн дар ҳавлии гумонбар рух додааст. Гуфта мешавад, ки бо сабаби муноқишаи оилавӣ мард ҳамсари 32-солаашро ҳангоми ҷангу ҷанҷол 2 маротиба бо корд ба қафаси сина […]

Дар шаҳри Ваҳдат марди 40-сола барои куштори ҳамсараш аз ҷониби кормандони милитсия бо гумони содир намудани одамкушӣ боздошт гардид.

Бино ба иттиллои Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, ҳодиса рӯзи 24-уми июн дар ҳавлии гумонбар рух додааст.

Гуфта мешавад, ки бо сабаби муноқишаи оилавӣ мард ҳамсари 32-солаашро ҳангоми ҷангу ҷанҷол 2 маротиба бо корд ба қафаси сина ва китфи чапаш задааст.

“Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат мерасад”, – омадааст дар хабар.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.