Имтиҳонҳои дохилшавӣ дар Тоҷикистон аз 1 июл оғоз мешаванд

Алимшоҳ Меҳрзода, Asia-Plus

Пагоҳ, 1 июл дар Тоҷикистон имтиҳонҳои мутамаркази дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии кишвар оғоз мешавад.

Дафтари матбуоти Маркази миллии тестӣ (ММТ) хабар медиҳад, ки имтиҳонҳо дар 18 шаҳру вилояти кишвар ва 46 маркази тестӣ баргузор мешаванд.

Имтиҳонҳо аз 1-ум то 12-уми июл баргузор шуда, натиҷааш 20-уми июл ва натоиҷи тақсими аввал ба муассисаҳои таълимӣ 25-уми июл эълон мешавад.

Санҷишҳо аз ду қисм иборатанд: Қисми А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ) ва Қисми В (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ).

Аз 1 март то 30 апрел дар ММТ 81 ҳазору 881 довталаб барои дохилшавӣ ба донишгоҳҳо сабти ном шудаанд ва нақшаи қабули имсола 95 ҳазору 808 нафарро ташкил медиҳад.  Барои дохил шудан ба омӯзишгоҳҳои миёнаи касбӣ-техникӣ 12 ҳазору 734 нафар довталабон ариза додаанд, ки нақшаи қабул 10 ҳазору 189 нафарро ташкил медиҳад.

ММТ хотиррасон мекунад, ки довталабон ҳангоми супурдани имтиҳон бояд ҳуҷҷатҳои зеринро бо худ дошта бошанд:

 – шиноснома ё ҳуҷҷати дигари тасдиқкунандаи шахсият (бо муҳр ва акс), ки аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дода шудааст;

 – даъватнома ба имтиҳон аз ММТ;

 – ду ручкаи одии рангаш сиёҳ (рангҳои дигар иҷозат дода намешавад, зеро варақаи ҷавобҳои бо рангҳои дигар нишондодашуда аз ҷиҳати технологӣ дуруст коркард нашудааст).

Раванди имтиҳонҳо аз тамоми марказҳои имтиҳонӣ тавассути камераҳои назоратии онлайн дар Марказ пахш мешавад.  Марказ барои ин ҳама таҷҳизоти заруриро дар ҳар як маркази имтиҳонӣ таъмин кардааст.

Ҷадвали имтиҳонҳо

Қисми А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ – синфи 11-ум), даври асосӣ;

Табиӣ ва техникӣ 01.07.2022

География ва иқтисод 02.07.2022

Филология, педагогика ва санъат 03.07.2022

Ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ 04.07.2022

Тиб, биология ва варзиш 05.07.2022 ва 06.07.2022

Даври иловагӣ — 12 июл.

Қисми Б (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ – синфи 9-ум): 

Ҳама кластерҳо, даври асосӣ – 7 июл

Даври иловагӣ иловагй — 12 июл.

Қисми В (имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус) – аз 1-ум то 8-уми июл дар муассисаҳои таълимии дахлдор.

Даври иловагӣ — 9—10 июл.

Қисми Г.1 (имтиҳонҳои иловагии тахассусӣ) барои довталабони филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе аз 1 то 8 июл.

Даври иловагӣ — 9—10 июл.

Хатмкунандагони Душанбе чӣ шудан мехоҳанд ва ба куҷо мераванд?

Ҳанӯз моҳи май, ки занги охирин барои аксари хатмкунандагони мактабҳои Душанбе садо дод, хабаргузории «Азия-Плюс» тасмим гирифт, бифаҳмад, ки хатмкунандагони пойтахт кӣ шудан мехоҳанд ва ба куҷо мераванд.

Содиқона бигуем, ҷавобҳои баъзе мусохибон моро хеле ба ҳайрат овард.  Дар байни бачаҳо онҳое низ буданд, ки тавонистаанд ба донишгоҳҳои ИМА дар асоси буҷет дохил шаванд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...