Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Қирғизистон

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нимаи дуюми имрӯз бо президенти Қирғизистон Садир Жапаров тариқи телефон гуфтугӯ кард. Ба иттилои Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон ин сӯҳбат бо ташаббуси ҷониби Қирғизистон анҷом шудааст. Гуфта мешавад, тарафҳо маҷмӯи масъалаҳои марбут ба муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистонро баррасӣ кардаанд. Ҳамчунин омодагӣ ба мулоқоти навбатии машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ мавриди баррасӣ қарор […]

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нимаи дуюми имрӯз бо президенти Қирғизистон Садир Жапаров тариқи телефон гуфтугӯ кард.

Ба иттилои Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон ин сӯҳбат бо ташаббуси ҷониби Қирғизистон анҷом шудааст.

Гуфта мешавад, тарафҳо маҷмӯи масъалаҳои марбут ба муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистонро баррасӣ кардаанд.

Ҳамчунин омодагӣ ба мулоқоти навбатии машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Эмомалӣ Раҳмон ва Садир Жапаров ба мувофиқа расидаанд, ки муколамаи сиёсиро, ки ба таҳкими ҳамсоягии неки ду давлат ва мардум нигаронида шудааст, идома диҳанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.