Сабаби талаф ёфтани садҳо гӯсфанд дар Шаҳринав фаромадани тарма набудааст

Маълум шуд, ки сабаби талаф ёфтани садҳо сар гӯсфанд дар ноҳияи Шаҳринав фаромадани тарма набудааст. Рамаи чорво худаш аз болои кӯҳ ба поин сарозер шудаанд, гуфтанд ба “Азия-Плюс” дар Кумитаи ҳолтаҳои фавқулода. Қаблан дар ин ниҳод зикр карда буданд, ки “тибқи  маълумоти тасдиқнашуда ва пешакӣ, рамаи чорво зери тарма мондааст”. “Айни замон дар ҷойи ҳодиса […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Маълум шуд, ки сабаби талаф ёфтани садҳо сар гӯсфанд дар ноҳияи Шаҳринав фаромадани тарма набудааст. Рамаи чорво худаш аз болои кӯҳ ба поин сарозер шудаанд, гуфтанд ба “Азия-Плюс” дар Кумитаи ҳолтаҳои фавқулода.

Қаблан дар ин ниҳод зикр карда буданд, ки “тибқи  маълумоти тасдиқнашуда ва пешакӣ, рамаи чорво зери тарма мондааст”.

“Айни замон дар ҷойи ҳодиса комиссия кор мекунад. Дар ҳоли ҳозир маълум аст, ки аз 600 сар чорвои хурд 140 сараш талаф ёфтааст. Гӯсфандон моли сокинони маҳаллианд”, – зикр карданд дар Кумита.

Ҳамлаи гургонро ба рамаи чорво, ки боиси ин ҳодиса шудааст, дар Кумита тасдиқ ҳам накарданду инкор низ.

Дар ҳамин ҳол, тавре ки ба “Азия-Плюс” як шоҳиди ҳодиса, сокини шаҳри Душанбе Фирдавс Муҳаммадиев хабар дод, ӯ худаш чорвои талафёфтаро дарёфта ва бар ин назар аст, ки аз эҳтимол дур нест, ки гургҳо ба онҳо ҳамла карда бошанд. Ӯ ба “Азия-Плюс” аз ҷойи ҳодиса навори видео ва якчанд сурат пешниҳод намуд.

Ба гуфтаи Фирдавс, дар ин маҳал ӯ бо дӯстонаш истироҳат мекардааст. Субҳ вақти сайругашт ӯ бӯи бадеро ҳис намуда, дар ин ҷо ҳудуди 40 сар чорвои хурдро мебинад, ки баъзеашон пора-пора шуда буданд.

Дар ҳамон ҷо ӯ одамонро низ мебинад, ки гӯсфандони захмгирифтаро мекуштанд, то ки гӯшташон барои истеъмол ҳалол шавад.

Ба гуфтаи номзади илмҳои биологӣ, Алихон Латифӣ, шояд ҳамлаи як гург ё галаи гургон ба ин ҳодиса сабаб шуда бошад.

“Дар ин гуна вазъиятҳо аз кӯҳ худро партофтани як гӯсфанд кофист, зеро тамоми рама низ аз паси он меравад. Нигоҳ доштани онҳо душвор ва дар баъзе ҳолатҳо ғайриимкон аст”, – изҳор дошт ӯ.

Дар бораи пора-пора ё газида будани баъзе аз узвҳои гӯсфандон мутахассис бар ин назар аст, ки ин метавонад натанҳо кори гургон, балки сагҳои дайду низ бошад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

ПУРСИШ. 10 саволи ҷолиб аз рӯзгор ва осори устод Садриддин Айнӣ

Дониши худро дар бораи аввалин Қаҳрамони Тоҷикистон санҷед.

“Ба кӯдакони хурдсоламон раҳм кунед…”. Муроҷиати писари Зайд Саидов ба мақомоти Тоҷикистон

Додгоҳ қарори мусодираи хонаи пайвандони вазири пешин ва тоҷири тоҷикро чанд сол пеш содир карда буд.

Исроил ва Лубнон барои баргузории музокироти мустақим ба созиш расидаанд

"Ҳизбуллоҳ" ин музокиротро қабул надорад ва онро “беҳуда” тавсиф карда буд.

Қариб 50 млн евро қарзу грант барои коҳиши талафоти барқ дар Суғду Хатлон. Шарту шароити қарз чӣ гуна аст?

Ҳадафи лоиҳа коҳиши талафоти барқ ва ҷорӣ кардани низоми муосири ҳисоббаробаркунӣ гуфта мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 67

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

CММ: Бар асари низоъ дар Ховари Миёна то 32 млн нафар метавонанд дар хати фақр қарор гиранд

Хавфи ба ин ҳолат дучор шудани кишварҳои Халиҷи Форс, Осиё, Африқо ва ҷазираҳои хурд бештар аст.