Президент дар бораи тарҳрезии стратегӣ ва хоҷагии ёрирасони шахсӣ қонунҳо ба имзо расонид

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 19-уми июл ба як қатор қонунҳо имзо гузошт. Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, қонунҳо “Дар бораи банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ”, “Дар бораи  дору, молҳои тиббӣ ва фаъолияти фарматсевтӣ”, “Дар бораи  моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ” ва “Дар бораи хоҷагии ёрирасони шахсӣ” аз ҷумлаи онҳо мебошанд. […]

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 19-уми июл ба як қатор қонунҳо имзо гузошт.

Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, қонунҳо “Дар бораи банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ”, “Дар бораи  дору, молҳои тиббӣ ва фаъолияти фарматсевтӣ”, “Дар бораи  моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ” ва “Дар бораи хоҷагии ёрирасони шахсӣ” аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

“Қонун “Дар бораи банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ” ба густариши раванди таҳия, тасдиқ ва амалисозии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ ва рушди соҳаҳои муҳими ҳаёти кишвар нигаронда шудааст”, – шарҳ дода мешавад дар хабари хадамоти матбуот.

Гуфта мешавад, дар қонун “Дар бораи  моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ” доир ба таъмини аҳолӣ бо моҳӣ, ҳифзи захираҳои он, рушди соҳибкории соҳа ва бунёди ҷойҳои нави корӣ сухан меравад.

“Қонун “Дар бораи  дору, молҳои тиббӣ ва фаъолияти фарматсевтӣ” масъалаҳои коркард, муомилот, назорати сифати дору ва роҳҳои таъмини аҳолиро бо дору ва дигар молҳои тиббӣ танзим менамояд”, – омадааст дар хабар.

Ба иттилои манбаъ, қонунҳои қабулгардида ба пешрафти соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, соҳибкорӣ, бунёди ҷойҳои нави корӣ ва беҳдошти зиндагии аҳолӣ нигаронида шудаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки қонунҳо дар матбуот интишор карда мешаванд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.