“Фурӯши ғайриқонунӣ ва ташхиси динӣ”. Мақомот сабаби бастани дӯконҳои китоби диниро шарҳ доданд

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон воридот ва фурӯши ғайриқонунии китобҳои динӣ, нагузаштани асарҳо аз ташхиси диншиносӣ ва шикояти муаллифони китобҳоро аз сабабҳои аслии баста шудани дари дӯконҳои китоби динӣ дар Душанбе гуфтанд.

Афшини Муқим, сухангӯи ин ниҳод дар суҳбат бо “Asia-Plus” гуфт, дар баробари дӯконҳо, дари чанд матбаа низ бо ин далел баста шуда, нисбати соҳибони дӯкон ва матбааҳо протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шудааст.

“Масалан, яке аз муаллифон шикоят мекунад, ки чанд соле пеш китоби худро бо теъдоди ҳамагӣ 200 нусха нашр карда, барои фурӯш ба соҳибони дӯконҳо пешниҳод кардааст. Cоҳибони дӯконҳо бошанд, бе гирифтани розигӣ ва бидуни пардохти ҳаққи қалам ба ӯ китобашро то 20 ҳазор нусха бо сифати паст нусхабардорӣ карда, ба фурӯш гузоштаанд. Ин аз як ҷониб нақзи ҳуқуқи муаллиф, аз ҷониби дигар мухолифи талаботи қонунгузории озодии виҷдон мебошад”, – гуфт Афшини Муқим.

Ӯ афзуд, баста шудани дари дӯконҳои китоби динӣ муваққатӣ аст ва он китобҳое, ки аз мағоза ва матбааҳо мусодира шуданд, айни ҳол дар омӯзиш ва баррасӣ қарор доранд.

“Тибқи қонунгузорӣ онҳо бояд ҳамаи китобҳои диниро пеш аз ворид намудан ба кишвар ва ба фурӯш баровардан аз ташхиси давлатии диншиносӣ гузаронанд. Ҳолатҳое ҳам ҳаст, ки  баъзе аз фурӯшандагон баъди чанд соли аз ташхиси диншиносӣ гузаронидани китоб, онро бори дигар нашр кардаву ба фурӯш мебароранд. Дар ин муддат шояд ба муҳтавои ин китобҳо тағйирот ворид шуда бошад”, – мегӯяд, сухангӯи Кумитаи дин.

Айни замон санаи боз шудани дӯконҳои китоби динии Душанбе, ки дар назди масҷиди марказии шаҳр воқеъ буда, аҳолӣ асосан адабиёти диниро аз онҷо мегирифтанд, маълум нест.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 2-юми сентябр Радиои Озодӣ хабар дода буд, ки мақомот дӯконҳои фурӯши адабиёти диниро дар маркази шаҳри Душанбе бастаанд ва масъулони Кумитаи дин қазияро шарҳ надодаанд.

Дар гузориш гуфта мешуд, ки пушти дари дӯконҳо муҳри Раёсати иттиҳодияҳои динии Кумитаи дин зада шудааст.

Дар дӯконҳои назди масҷиди марказии Душанбе асосан адабиёти диние фурӯхта мешуд, ки бо иҷозаи Кумитаи дини Тоҷикистон нашр ва ё аз хориҷ ба кишвар оварда шудаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...