Овозхон Манижаи Сангин ба шавҳар баромад

Манижаи Сангин, овозхони шинохтаи тоҷиктабори муқими Русия  шоми 6-уми сентябри соли ҷорӣ ба Ладо Кватания, коргардони рус ба шавҳар баромадааст. Дар ин бора Ксения Собчак, журналисти рус бо нашри чанд акс аз маросими никоҳи онҳо дар Telegram-канали худ хабар дод. Манижа дар ин аксҳо бо либоси арӯсӣ дида мешавад. Маросими ақди никоҳи онҳо дар Николиная […]

Asia-Plus

Манижаи Сангин, овозхони шинохтаи тоҷиктабори муқими Русия  шоми 6-уми сентябри соли ҷорӣ ба Ладо Кватания, коргардони рус ба шавҳар баромадааст.

Дар ин бора Ксения Собчак, журналисти рус бо нашри чанд акс аз маросими никоҳи онҳо дар Telegram-канали худ хабар дод.

Манижа дар ин аксҳо бо либоси арӯсӣ дида мешавад. Маросими ақди никоҳи онҳо дар Николиная Гора, деҳаи дар тақрибан 30-километрии ғарби шаҳри Маскав доир шудааст.

Манижа 31 сол дошта, дар Тоҷикистон ба дунё омадааст. Ӯ соли 2021 ба намояндагӣ аз Русия дар озмуни муътабари “Евровидение” иштирок кард ва дар байни 41 довталаб ҷои 9-умро гирифт.

Дар бораи Ладо Кватания маълум аст, ки ӯ соли 2009 РАТИ-ГИТИС-ро хатм карда, сипас дар курсҳои сенариянависии Ҷон Труби ва Пол Браун дар Академияи санъати кинои Ню-Йорк таҳсил кардааст.

Рӯзи 9 октябр Манижа дар зодгоҳаш – шаҳри Душанбе консерт барпо мекунад. Ин консерт таҳти унвони “Шаҳри офтобӣ” дар “Кохи Суруш” доир мегардад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.