Дарс дар ҳавлӣ ва дар се баст. Сарсонии 700 хонандаи як мактаб дар Душанбе

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Бо оғози соли нави хониш 700 хонандаи як мактаб дар Душанбе ба мактаби дигар кӯчонида шуданд, ки ҳоло онҳо дар 3 баст таҳсил мекунанд ва баъзан берун аз синфхона дарс мехонанд.

Волидайни хонандагон бо изҳори нигаронӣ ба “Asia-Plus” гуфтанд, ки қабл аз оғози хониш, “31-уми август бо далели таъмири мактаби №77 700 хонандаи онро ба мактаби №78 кӯчониданд”.

Наргис Муллоева, модари яке аз хонандагони мактаби №78, дар сӯҳбат бо “Asia-Plus” гуфт, мактаби мазкур беш аз як ҳафта мешавад, ки дарсҳояшро дар 3 баст тақсим кардааст ва хонандагони зиёде дар ин муассиса овора шудаанд.

“Синфҳои 2, 4, 6 ва 8-ум ҳоло бемуаллим ва бесинфхона мондаанд. Хонандагон дар ин ҷо сарсону саргардонанд. Бачаи ман дар синфи 2-юми ин мактаб таҳсил мекунад ва чанд рӯз аст, ки дар берун дарс мехонад”, – гуфт Муллоева.

Ӯ нигаронӣ кард, ки бо тақсим гардидани бастҳои дарсии ин муассиса, фарзандашро соати 11:00 ба мактаб супорида, аллакай соати 14:00 ӯро бозмегирад.

Ба иддаои ин модар, то инҷониб дар худи мактаби №78 3 ҳазору 400 нафар хонанда таҳсил мекарданд, ки бо омадани 700 хонандаи дигар вазъ мушкилтар шуда, хонандагони синфҳои поёнӣ дар як рӯз танҳо 2-3 соат дарс мехонанд.

Дар ҳамин ҳол, аз сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ба “Asia-Plus” кӯчонидани 700 хонандаи мактаби №77-ро ба муасисаи №78 тасдиқ карда, гуфтанд, “танҳо дарсҳои хонандагони кӯчидашуда ба 3 баст тақсим гардида, соатҳои дарсии онҳо аз 45 дақиқа то ба 30 дақиқа кам карда шудааст”.

Ҳамзамон, аз ин ниҳод гуфтанд, раванди таҳсили хонандагони мактаби №78 бетағйир боқӣ мондааст ва дар 2 рӯзи охир хонандагони ин мактаб ба меъёри мӯътадили таҳсил гузаштаанд.

Аз сарраёсати маорифи пойтахт афзуданд, мактаби №77 дар давоми соли таҳсил таъмир гардида, дар соли хониши оянда ба истифода дода мешавад.

Ёдовар мешавем, ки дар соли нави хониш ин нахустин эътирози волидон аз мактабу маорифи кишвар набуда, чанд рӯз пештар беш аз 40 нафар сокинони шаҳри Душанбе аз шеваи қабули мактаби русӣ дар маҳаллаи Зарафшон шикоят карда буданд. То ҳол маълум нест, ки мушкили шикояткунандагони ҳалли худро пайдо кардааст ё не.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...