Сомон Эйр дар Душанбе ҳавопаймоҳои Боинг 737 – 800 –ро муаррифӣ кард

Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” санаи 8-уми сентябри соли 2022 дуюм ҳавопаймои Boeing 737-800-ро вориди Душанбе намуда, шумораи ҳавопаймоҳои худро зиёд кард. Ҳавопаймо аз 189 курсии эконом иборат буда, бо номи Қаҳрамони Тоҷикистон Нусратулло Махсум унвонгузорӣ шудааст. Санаи 7 сентябр ширкати ҳавопаймоӣ дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҳавопаймои Боинг 737-800-ро муаррифӣ кард. Чорабинӣ бо иштироки намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон, ҳайати Боинг, ширкатҳои сайёҳӣ, шарикон […]

Варақаи иттилоотӣ

Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” санаи 8-уми сентябри соли 2022 дуюм ҳавопаймои Boeing 737-800-ро вориди Душанбе намуда, шумораи ҳавопаймоҳои худро зиёд кард. Ҳавопаймо аз 189 курсии эконом иборат буда, бо номи Қаҳрамони Тоҷикистон Нусратулло Махсум унвонгузорӣ шудааст.

Санаи 7 сентябр ширкати ҳавопаймоӣ дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҳавопаймои Боинг 737-800-ро муаррифӣ кард. Чорабинӣ бо иштироки намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон, ҳайати Боинг, ширкатҳои сайёҳӣ, шарикон ва васоити ахбори омма баргузор гардид. Роҳбари ҶДММ “Ширкати ҳавопаймоии Сомон Эйр” Абдулқосим Валиев зимни суханронии худ қайд кард, ки ҳавопаймоҳои гирифташуда ба тавсеаи шабакаи парвозҳо – зиёд гардидани шумораи парвозҳо дар хатсайрҳои амалкунанда ва роҳандозии хатсайрҳои нав, ҳамчунин беҳтар намудани сифати хизматрасониҳо мусоидат хоҳад кард: – “Боиси хушнудист, ки қабули ҳавопаймоҳои нав ба таҷлили 31-умин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омад. Бешубҳа, ҳавопаймоҳои мазкур ба васеъ гардидани ҷуғрофияи парвозҳо, инчунин қонеъ намудани талаботи рӯзафзуни мусофирон боис мегарданд. Миннатдорем аз ширкати ACG барои эътимоду ҳамкорӣ ва итминон дорем, ки муносибатҳои шарикии мо минбаъд боз ҳам таҳкиму тақвият меёбанд”.

Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” санаи 30-юми августи соли 2022 якум ҳавопаймои Boeing 737-800-ро вориди Душанбе намуд. Ҳавопаймо номи Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода-ро гирифт. Ҳарду ҳавопаймоҳо дар асоси лизинги амалиётӣ аз яке аз бузургтарин ширкатҳои лизингӣ – ACG (Aviation Capital Group) гирифта шудаанд. Бо дарёфти ҳавопаймоҳои нав шумораи ҳавопаймоҳои ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” дар маҷмӯъ ба шаш адад мерасад – ду ҳавопаймои Боинг 737-900 ва чаҳор ҳавопаймои Боинг 737-800.

Aviation Capital Group соли 1989 таъсис ёфта, яке аз ширкатҳои пешбари ҷаҳон дар самти идораи дороиҳои авиатсионӣ бо маҷмӯи пурраи хизматрасониҳо мебошад. Ба ҳолати 30.06.2022 Aviation Capital Group молики 475 адад ҳавопаймо мебошад, ки ба 85 ширкати ҳавопаймоии 45 давлати дунё ба иҷора дода шудаанд. ACG ширкати фаръии Tokyo Century Corporation мебошад.

Ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" аз соли 2008 дар бозори байналмилалии интиқолоти ҳавоӣ бомуваффақият фаъолият намуда, узви Ассосиатсияи байналмилалии нақлиёти ҳавоӣ (IATA) мебошад. Парки ҳавопаймоии "Сомон Эйр" аз ҳавопаймоҳои Boeing 737-800 ва 737-900 иборат аст. Ширкат аз Тоҷикистон ба Олмон, Амороти Муттаҳидаи Араб, Туркия, Ҳиндустон, Федератсияи Россия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон парвозҳои мунтазам анҷом дода, дар айни замон ҷиҳати барқарорсозии парвозҳо самти Хитой ва роҳандозии парвозҳои мунтазам самти Арабистони Саудӣ чораандешӣ менамояд. Бехатарии парвозҳо аз афзалиятҳои ширкат буда, фаъолияти он ба қонеъ намудани талаботи аҳолӣ ба интиқолоти ҳавоӣ, тавсеаи шабакаи парвозҳо ва парки ҳавопаймоӣ нигаронида шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.