Муфтии Тоҷикистон ба Алмато меравад

Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон дар Анҷумани VII-уми пешвоёни динҳои ҷаҳонӣ ва анъанавӣ, ки 14-15-уми сентябри соли равон дар шаҳри Алматои Қазоқистон баргузор мешавад, ширкат мекунад. Дар ин бора аз Кумитаи дин, аънана ва ҷашну маросим хабар доданд. Гуфта мешавад, ки дар анҷумани байнимазҳабии Алмато, садҳо намоянда аз беш аз 50 кишвари ҷаҳон иштирок […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон дар Анҷумани VII-уми пешвоёни динҳои ҷаҳонӣ ва анъанавӣ, ки 14-15-уми сентябри соли равон дар шаҳри Алматои Қазоқистон баргузор мешавад, ширкат мекунад.

Дар ин бора аз Кумитаи дин, аънана ва ҷашну маросим хабар доданд.

Гуфта мешавад, ки дар анҷумани байнимазҳабии Алмато, садҳо намоянда аз беш аз 50 кишвари ҷаҳон иштирок ва суханронӣ мекунанд.

Расонаҳои қазоқӣ менависанд, ки интизор меравад дар ҳамоиш  Попи Рим Франсис, Имоми олии Ал-Азҳар Шайх Аҳмад ат-Тайиб ва дигар раҳбарони рӯҳонӣ ширкат кунанд.

“Гуфта мешавад, ки Патриархи Маскав ва тамоми Русия Кирилл ба Анҷумани VII пешвоёни динҳои ҷаҳонӣ ва анъанавӣ ба Қазоқистон намеравад”,- навиштаанд расонаҳои қазоқӣ.

Гуфта мешавад, ки пас аз ҷамъбасти анҷуман эъломияе қабул мешавад, ки мавқеъи ширкаткунандагони анҷуманро дар мавриди таҳкими равобити байни тамаддунҳо ва мазҳабҳо, ҳамчунин доир ба масъалаҳои мубрами ҷомеаи ҷаҳонӣ инъикос мекунад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.